Ссылки доступа

Ҳомии ҳуқуқ: "Озору азияти муҳоҷирон зиёдтар мешавад"​ (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Настоящее Время. Осиё – 1 ноябр. Дар Қазоқистон ба далели тамғазании ғалат маҳсулоти аз Қирғизистон воридшударо нобуд мекунанд. Коршиносон бар инанд, ки алифбои нави қазоқӣ дар оянда боз иваз мешавад, вале маълум нест, бо чӣ харҷе. Душанбе ва Қӯрғонтеппаро ба зудӣ роҳи нави ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мепайвандад. (видео)

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 31-уми октябри 2017 (HD)

- Ҳамла дар Ню-Йорк (видео)

- Ҳамлаи террористӣ дар Ню Йорк. Зодаи Узбекистон дастгир шуд (видео)

- Ҳомии ҳуқуқ: "Озору азияти муҳоҷирон зиёдтар мешавад". Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, нашри варақаҳои таҳқиромез дар истгоҳҳои Маскав, барномарезӣ шудааст ва мумкин аст, таҳқиру озори муҳоҷирон бештар шавад. Аз ин пеш корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, акси варақаҳоеро нашр карданд, ки дар онҳо тоҷиконро мардуми "ифлосу аблаҳ" номидаанд (видео аз Директ)

- "Шавҳар медиҳам, то халос шавам". Пурсиш аз сокинон: чаро духтаронро барвақт шавҳар медиҳед? (видео)

- Ҳисору Душанбе мизбони мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018. Аз 31-уми октябр то 8-уми ноябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор мусобиқоти интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» бо ширкати дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Бангладеш, Молдив, Тоҷикистон, Шри-Ланка ва Узбакистон баргузор мешавад (видео)

- "Тоҷиктрансгаз": "Имкони бозпас додани қарзро надорем". Додгоҳи иқтисодии Душанбе қарор кард, ки корхонаи давлатии “Тоҷиктрансгаз” бояд ба вазорати молияи Тоҷикистон 10 миллион сомонӣ маблағи қарз ва наздики 6 миллион сомонӣ ҷаримаи қарзи дар соли 2011 гирифтаашонро, бозпас диҳад (видео)

- Ҳалокати 8 нафар дар ҳамлаи Ню-Йорк. Як мошини хурди борбар рӯзи сешанбеи 31-уми октябр бо ворид шудан ба хати вижаи дучархасаворон ва ҳаракат дар масири муқобил, ба раҳгузарон ва дучархасарон дар Ню-Йорк бархӯрд кардааст. Дар натиҷа 8 нафар ҷони худро аз даст доданд. (видео)

- Писари вазири умури дохилӣ бо гумони дуздӣ боздошт шуд. Бюрои зиддифасоди Украина писари вазири умури дохилии ин кишвар Александр Аваковро бо гумони дуздии буҷаи Горди миллӣ боздошт кард. (видео)

- Коршинос: "Алифбое, ки Қазоқистон қабул кард, ба ягон меъёри забоншиносӣ мутобиқат намекунад". (видеои Настоящее время)

- Сариев: дар равандҳои сиёсӣ фаъолона иштирок хоҳам кард. (видео аз Директ)​

- "Бо сабабҳои комилан номаълум мақомот аз ноболиғони 14-сола ҳарос доранд". Ҳомии ҳуқуқ дар бораи исёни ҷавонон ва маҳбусони сиёсии Русияи нав. (видеои Настоящее время)

- Ду сол пеш дар фазои Синай ҳавопаймои ҷаҳонгардони Русияро тарконданд. Кӣ ва чи гуна хотираи қурбониёнро гиромӣ медорад? (видео аз Директ)

- Нишасти хабарии Пучдемон дар Брюссел. (видео)

- Конгресси миллии Чуваш: ҳайатҳо нома ба Путинро баррасӣ карданд. (нигористон)

- Барфи нахустин рӯи баргҳои сабз: дар ағбаи Ангар зимистон фаро расид. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG