Ссылки доступа

Эрону Туркия лоиҳаи Русияро дар мавриди гуфтугӯи сулҳи Сурия қабул карданд


Туркияву Эрон 31 октябр қабул карданд, ки гуфтугӯҳои сулҳи Сурия бо ширкати намояндагони ҳукумат ва мухолифони ин кишвар дар шаҳри Сочии Русия баргузор шавад. Дар изҳороти муштараки Русия, Эрон ва Туркия гуфта мешавад, ки "ташаббуси Русия" дар мавриди баргузории гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар таърихи 18 ноябр бо ширкати ҳукумат ва мухолифони Сурия ва бе иштироки намояндагони Ғарб қабул шуд.

Пешниҳоди баргузории конгресс яке аз натиҷаҳои чашмраси даври ҳафтуми гуфтугӯҳои сулҳи Сурия аст, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рӯзҳои 30-31 октябр баргузор шуд.

Дар сомонаи вазорати корҳои хориҷии Русия номгӯи 33 созмони Сурия оварда шудааст, ки созмонҳои мазкур ба "Конгресси гуфтугӯи миллии Сурия" даъват шудаанд.

Дар ҷанги шашсолаи шаҳрвандии Сурия, ки садҳо ҳазор сокин куштаву овора шудааст, Русияву Эрон аз ҳукумати президент Башор Асад ва Туркия аз бархе нерӯҳои мухолифин ҷонибдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG