Ссылки доступа

Ду шаҳри Тоҷикистонро роҳи "ҷаҳоншумул" ба ҳам хоҳад пайваст


В Таджикистане появится первая дорога мирового класса
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:37 0:00

Шоҳроҳи “Душанбе - Қӯрғонтеппа”, ки ду шаҳри бузургтарини Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, таҷдид ва бозсозӣ хоҳад шуд. Мақомот мегӯянд, ҳангоми бозсозии ин роҳ, тамоми ҷанбаҳои амниятӣ, аз ҷумла роҳҳои пиёдагарду чорво ва истгоҳҳои автобус ба инобат гирифта мешаванд.

Тибқи нақша дар рафти азнавсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст.

Роҳи мошингарди “Душанбе - Қӯрғонтеппа”, ки ҳамарӯза аз он ҳазорҳо мошини сабукраву боркаш мегузаранд, дар як вазъияти бад қарор дошта, бори охир онро ҳудуди 12 сол пеш таъмир карда буданд.

Мушкили ҳаракат дар ин роҳро шахсоне дарк мекунанд, ки ҳамарӯза маҷбуранд, аз он убур кунанд. "Дар ду-се моҳ маҷбурем, қисмҳои эҳтиётии мошинҳои худро як бор таъмир кунем. Ин ҳама ба далели хароб будани роҳ аст", - мегӯяд соҳибкоре бо номи Абдураҳмон.

Мақомоти Тоҷикистон ваъда додаанд, ки сохтмони ин роҳ рӯзҳои наздик оғоз хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа, роҳ бо харҷи наздики 97 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки осиёии рушд, бунёди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Тоҷикистон сохта мешавад.

Ба гуфтаи раҳбари намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Прадип Сривастава, васеътар ва босифат бунёд шудани роҳ ба рушди иқтисоди Тоҷикистон низ таъсир хоҳад кард.

"Бозсозии ин роҳ, ки ду шаҳри бузургтарини Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад, имкон медиҳад, то табодули мол ва равуои мусофирон миёни шаҳрҳо афзоиш ёбад. Ба ҷуз ин, он як бахши долони ҳамлу нақли мол миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аст. Мо дар он равишу усули амниятии замонавиро ҷорӣ хоҳем кард. Ин як тарҳи навоварона аст", - афзуд Сривастава.

XS
SM
MD
LG