Ссылки доступа

Кремл: Путин дар сафараш ба Эрон нафт ва Сурияро баррасӣ мекунад


Президенти Русия Владимир Путин дар сафар ба Теҳрон, ки имрӯз сурат мегирад, бо ҳамтои эрониаш Ҳасани Руҳонӣ ва роҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ мулоқот хоҳад кард. Дар ин мулоқот Путин вазъи Сурия ва ҳамкорӣ дар бахши энержиро баррасӣ хоҳад кард, хабар медиҳад Кремл.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл хабар дод, ки "мавзуъи Сурия дар меҳвари гуфтугӯҳо аст".

Русияву Эрон дар ҷанги шашсолаи шаҳрвандии Сурия аз президенти ин кишвар Башор Асад ҷонибдорӣ мекунанд. Аммо Туркияву ИМА ба гуруҳҳои гуногуни шӯришиён ёрӣ мерасонанд.

Песков хабар дод, ки дар сафари Путин ба Эрон гуфтугӯҳои сенҷониба бо президентҳои Эрону Озарбойҷон низ дар назар аст. Ин дувумин гуфтугӯҳои сеҷонибаи ин се кишвар аст. Бори аввал ин гуна мулоқот дар Боку соли гузашта сурат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG