Ссылки доступа

Навалний Путин ва маъмурияташро ба додгоҳ кашиданист


Муассиси Бунёди мубориза бо коррупсия Алексей Навалний гуфт, тасмим дорад, президенти Русия Владимир Путин ва маъмурияти ӯро ба додгоҳ кашад. Мухолифи рус мегӯяд, мақомоти шаҳрҳои Русия бо дастури Кремл ӯро намегузоранд, ки бо интихобкунандаҳо мулоқот кунад.

Навалний дар блогаш навишт, ки маъмурияти шаҳрҳои Русия дар бештари маврид ба баргузории ҳамоишу вохӯриҳои ӯ иҷозат намедиҳанд. Ба гуфтаи мухолифи рус, иштироки теъдоди зиёди ҷонибдорони ӯ дар чорабиниҳои ахир Кремлро нигарон кардааст.

Алексей Навалний мегӯяд, "маъмурияти 40-50 шаҳри бузургтарини Русия ҳамарӯза бо манъи вохӯриҳои ӯ қонунҳоро ошкоро нақз мекунанд". Вай афзуд, ки ҳамоишу таҷаммуъҳояш минбаъд ба шакли дигар, дар замин ва биноҳои хусусӣ идома хоҳанд ёфт.

Навалний тасмим дорад, соли 2018 дар интихоботи президентии Русия иштирок кунад. Аммо мақомоти Русия мегӯянд, ӯ ба далели доғи судӣ доштан дар доираи парвандаи "Кировлес" ҳаққи пешбарии номзадияшро надорад. Сиёсатмадори мухолифи рус бо вуҷуди ин, маъракаҳои пешазинтихоботияшро идома медиҳад.

Ситодҳои Навалний дар 80 шаҳри Русия ташкил шуда, ӯ дар ҳоли ҳозир, сафарҳои таблиғиеро ба минтақаҳои Русия анҷом медиҳад. Дар бештари шаҳрҳои Русия мақомот ба баргузории тазоҳурот ва вохӯриҳо бо Навалний иҷозат намедиҳанд. Ӯ инро нишонаи корсоз будани маъракаҳои худ ва ҳароси Кремл медонад.

XS
SM
MD
LG