Ссылки доступа

Мухолифони Сурия пешниҳоди гуфтугӯ дар Сочиро рад карданд


Эътилофи миллии Сурия (SNC), гуруҳи мухолифи сиёсии мавриди ҳимояти Ғарб, ки бо режими Башор Асад мубориза мебарад, 1 ноябр гуфт, зидди пешниҳоди Русия дар бораи ташкили "Конгресси гуруҳҳои Сурия" дар шаҳри Сочӣ аст.

SNC ташкили конгрессро кӯшише барои давр задани гуфтугӯи Женева номид, ки зери сарпарастии СММ идома дошта, ҳадафи он гузариши сиёсӣ дар Сурияи ҷангзада аст.

Туркия пештар норозигии худро аз даъват шудани ҳизбҳои курди Сурия ба гуфтугӯҳои шаҳри Остонаи Қазоқистон баён кард. Сухангӯи президенти Туркия Иброҳим Калин гуфт, мақомҳои расмии русу турк ин масъаларо баррасӣ кардаанд ва худи ӯ барои ҳалли ин мушкил мулоқоти шахсиеро низ анҷом дод.

Намояндагони баландпояи курдҳои Сурия рӯзи сешанбе гуфтанд, ки Русия онҳоро ба конгресси Сочӣ даъват кард.

Туркияву Эрон 31 октябр қабул карданд, ки гуфтугӯҳои сулҳи Сурия бо ширкати намояндагони ҳукумат ва мухолифони ин кишвар моҳи ноябр дар шаҳри Сочӣ баргузор шавад. Пешниҳоди баргузории конгресс яке аз натиҷаҳои чашмраси даври ҳафтуми гуфтугӯҳои сулҳи Сурия аст, ки дар шаҳри Остона рӯзҳои 30-31 октябр баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG