Ссылки доступа

Ду муфаттиш ҳангоми ришвагирӣ боздошт шуданд


Кормандони Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон 2 муфаттиши Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадониро ҳангоми гирифтани 1000 доллар ришва аз як ҷавоне, ки ба дуздии дучархаи ҳудуди 90-долларӣ айбдор буд, боздошт кардаанд.

Абдусамад Розиқов ва Шерхон Маҷидов, муфаттишони ШКД Ҳамадонӣ 28 октябр баъди гирифтани 8 ҳазор сомонӣ аз ҷавони гумонбар Н. О. дар утоқи корияшон дастгир шудаанд.

Дар пайи боздошт ва эълони айб зидди муфаттишон, Хайриддин Ҷаъфарзода, сардори Шӯъбаи корҳои дохилии Ҳамадонӣ низ аз мақомаш барканор шудааст. Ӯ як сол пеш ба ин мақом таъйин шуда буд.

Як манбаи наздик ба тафтишот 1 ноябр гуфт, ки муфаттишон аз ҷавони гумонбар ба дуздӣ барои аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардан 10 ҳазор сомонӣ талаб карданд. “Вале ӯ тавонистааст танҳо 8 ҳазор сомонӣ пайдо кунад”, - гуфт ӯ.

Ҳоло зидди ду муфаттиш бо банди 319 (гирифтани пора) -и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, худи онҳо дар боздоштгоҳе дар шаҳри Кӯлоб нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG