Ссылки доступа

Дар Туркманистон манзили модари муҳаррири "Хроника Туркменистана"-ро сангборон карданд


Шаби 28 ба 29 октябр афроди ношинос манзили Холида Избастинова, модари Фарида Тухбатуллина, раиси Ташаббуси туркманӣ дар умури ҳуқуқи инсон ва муҳаррири сомонаи "Хроника Туркменистана"-ро сангборон карданд.

Нашрияи "Хроника Туркменистана" менависад, шишаҳои манзил шикаста шуда, аммо хушбахтона худи Холида Избастинова зиён надидааст. Пулис ба ҷои ҳодиса омада, дар айвони хона хиштпора пайдо кард.

Сар аз шаби 28 октябр телефони вай хомӯш аст ва тамос гирифтан бо Избастинова имкон надорад. Холида Избастинова - нафақахӯри 76-сола аст, ки бештар аз 40 сол дар мактаб омӯзгорӣ кардааст.

"Хроника Туркменистана" мегӯяд, ин ҳодиса бо фаъолиятҳои Фарида Тухбатуллина рабт дорад. Соли ҷорӣ дар Туркманистон нисбати ҳомии ҳуқуқ Наталия Шабунтс ва рӯзноманигори бахши туркмании Радиои Озодӣ Солтон Очилов низ ҳамла сурат гирифт.

Ташаббуси туркманӣ дар умури ҳуқуқи инсон аз ин ҳодиса созмонҳои байналхалқиро огоҳ ва пажӯҳиши амиқи онро талаб кардааст.

XS
SM
MD
LG