Ссылки доступа

Ташхиси дубора китоби нависандаи ӯзбек Нурулло Отахоновро "экстремистӣ" эътироф кард


Коршиносони Оҷонсии иттилоот ва нашри Ӯзбекистон китоби "Ин рӯзҳо"-и нависанда Нурулло Отахоновро се маротиба баррасӣ ва 30 октябр расман хулоса карданд, ки китоб "зидди сохтори мавҷудаи конститутсионӣ" равона шудааст. Дар ин бора нависанда хабар медиҳад.

Ин дувумин ташхиси китоби "Ин рӯзҳо" аст. Пештар аз ин Кумитаи умури дини назди девони вазирони Ӯзбекистон китоби мазкурро "экстермистӣ" эътироф карда буд. Нурулло Отахонов мегӯяд, баъди он ки 1 октбяр ба озодӣ баромад, дигар ба бозпурсӣ даъват нашудааст. Ду ҳафта пеш шиносномаи Отахоновро ба ӯ баргардониданд.

"Баъди он ман озодона ба водии Фарғона сафар кардам, касе монеи ман нашуд. Вақте шиносномаро баргардониданд, гуфтанд, ки китобро дубора ба ташхис фиристодаанд. Ҳангоми баррасии китоб дар таърихи 24 октябр намояндаи Хадамоти амнияти миллӣ аз коршиносон хост, ки хулосаи пешинро бе тағйир боқӣ гузоранд. Дар ҷаласаи севуми комисия, рӯзи 30 октябр, хулосаи ташхиси аввал якдилона ҷонибдорӣ ёфт. Дар хулоса аввал гуфта шудааст, ки китоб ба сарнагун кардани сохтори мавҷуда даъват мекунад. Сарфи назар аз он ки ман дар Тошкандам, маро ба ҳеч ҷое даъват накардаанд", - мегӯяд нависанда.

Оҷонсии иттилоот ва нашри Ӯзбекистон баррасӣ шудани китобро тасдиқ, аммо аз пешниҳоди иттилои муфассал худдорӣ мекунад. Оҷонсӣ "экстремистӣ" эътироф кардани китобро тасдиқ ва ё рад намекунад.

Нурулло Отахонови 63-сола, ки бо тахаллуси Нуруллоҳ Муҳаммад Рауфхон маъруф аст, баъди ду соли истиқомат дар Туркия 27 сентябр ба Ӯзбекистон баргашт ва дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд боздошт шуд.

Нашри китоби "Ин рӯзҳо" дар Туркия, ки дар он рушди Ӯзбекистон дар даврони ҳукуматдории президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов танқид шудааст, ба гуфтаи Отахонов, боис гардид, ки ҳукумати Ӯзбекистон ӯро боздошту бозпурсӣ кунад. Мақомоти Тошканд китоби "Ин рӯзҳо"-ро дар рӯйхати адабиёти мамнуъ шомил карданд.

XS
SM
MD
LG