Ссылки доступа

Раҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар Тошканд ҷамъ мешаванд


Раҳбарони ҳукумати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 2 ноябр дар шаҳри Тошканд ҷамъ мешаванд. Қарор аст, 3 ноябр ҷаласаи раҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор шавад.

Расонаҳои Ӯзбекистон менависанд, ки Тошканд бори нахуст аз саммити раҳбарони ҳукуматҳои ИДМ мизбонӣ мекунад. Дар баробари сарвазирони Қирғизистону Ӯзбекистон, раҳбарони ҳукуматҳои Арманистон, Қазоқистон, Белорус, Русия, Тоҷикистон ва раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев низ гуфтаанд, ки дар саммит иштирок хоҳанд кард.

Интизор меравад, муовинони сарвазирони Озарбойҷону Туркманистон ва намояндаи Молдова низ иштирок кунанд. Қарор аст, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирокдорони саммитро ба ҳузур пазирад.

Раҳбарони ҳукумати кишварҳои ИДМ дар ҷаласаи худ 18 санади марбут ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ, савдои озод, сӯзишворӣ, газ, рушди мошинсозӣ ва обёриву масоили гумрукиро баррасӣ хоҳанд кард.

Бино ба хабарҳо, дар доираи саммит бархе аз иштирокдорон мулоқоти дуҷонибаеро анҷом медиҳанд. Ҳанӯз маълум нест, ки сарвазирони Қирғизистону Қазоқистон дар робита ба вазъи марзи байни ду кишвар мулоқот хоҳанд кард ё не.

XS
SM
MD
LG