Ссылки доступа

Қирғизистон ба маҳви пиряхҳои “Довудов” ва “Лисий” иҷозат доданист


Кумитаи порлумони Қирғизистон 31 октябр лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Кодекси оби ин кишвар қабул кард, ки истихроҷи тилоро дар макони пиряхҳои “Довудов” ва “Лисий” иҷозат медиҳад. Тасмими ниҳоӣ дар ин бобат дар ҷаласаи умумии порлумон гирифта хоҳад шуд.

Ба назари коршиносон, ин тағйирот Қирғизистонро аз ягона фишанги нуфуз ба ширкати Centerra Gold Inc. дар кони “Кумтор” маҳрум хоҳад кард. Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, ташаббуси онҳо ҳадафҳои иқтисодӣ дорад ва пиряхҳо бе ин ҳам тақрибан об шудаанд. Баҳси додани иҷозати истихроҷи тило ба ширкати Centerra Gold дар маҳалли пиряхҳои Қирғизистон аз соли 2014 ба ин сӯ идома дорад.

Ин лоиҳаи тағйиру иловаҳо соли 2015 дар қироати дувум тасвиб гашта буд, вале зери фишори ҷомеаи маданӣ ва вакилони алоҳидаи порлумон дубора бозхонд шуд. Кодекси амалкунандаи оби Қирғизистон ҳама гуна амалҳоеро, ки обшавии пиряхҳоро суръат мебахшанд, манъ мекунад. Бинобар ин, ҳукумат тайи солҳои ахир ба истихроҷи тило дар наздикии пиряхҳо муваққатан иҷозат медод.

“Кумтор” бузургтарин корхонаи истихроҷи тилои Қирғизистон аст, ки аз сӯи ширкати канадагии Centerra Gold Inc идора мешавад ва 26%-и саҳмияҳои он дар ихтиёри ширкати давлатии “Қирғизолтин”-и Қирғизистон аст.

Маҷмуи масоҳати пиряхҳои Қирғизистон то соли 2025 ба ҳисоби миёна 30-40 дарсад кам шуда, то соли 2100 пурра аз байн хоҳанд рафт. Дар ин бора президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев охирҳои моҳи сентябр дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ суҳбат кард.

XS
SM
MD
LG