Ссылки доступа

Баррасии расонаҳои ҷаҳонӣ: Сайфулло Саипов - кист ва ба ӯ чӣ шуд?


Ба коршарикон ва обуначиҳо бахши нав - баррасии расонаҳои ҷаҳониро пешниҳод мекунем. Дар ин бахш метавонед мавзуъҳои асосии имрӯзи расонаҳои ҷаҳониро пайдо кунед. Аз Шумо мехоҳем, ба мо нависед, ки оё ин бахш бароятон ҷолиб ва муфид аст ё на? Оё Шумо баррасии расонаҳоро истифода хоҳед бурд? Агар "ҳа", пас фосилаи нашри баррасии расонаҳо бояд чӣ гуна бошад?

Ҳамла дар Ню-Йорк нишон медиҳад, ки "Осиёи Марказӣ ба манбаи рушдёбандаи терроризм табдил мешавад", менависад The Wall Street Journal. Дар Ню-Йорк ҳашт одам қурбони ҳамлаи шаҳрванди Ӯзбекистон - Сайфулло Саипови 29-сола шуданд. Нашрия менависад, "иқтисоди заъиф ва маҳдуд будани озодиҳои сиёсӣ сокинони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказиро ба сӯи тундгароӣ мебарад". Аммо Reuters Саиповро намояндаи "насли фаромӯшшуда"-и мардони ӯзбек медонад, ки ин кишвари шӯравии пешинро бо ҳадафи дарёфти зиндагии беҳтар тарк кардаанд. Нашрия ҳамзамон ба "маҳрум мондани вай аз дарёфти дониши муносиби динӣ ва мутобиқ нашуданаш ба зиндагии Ғарб" ишора мекунад.

USA Today ​ёдрас мекунад, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи ҳамлаи шаҳрванди дигари Ӯзбекистон дар Стокҳолм чаҳор одам кушта ва 15 тани дигар маҷруҳ шуданд. Дар остонаи Соли нави масеҳӣ ӯзбекистонии мусаллаҳ дар як клуби шабонаи шаҳри Истамбули Туркия 39 одамро кушт. Баҳори имсол як ӯзектабор дар метрои шаҳри Санкт-Петербурги Русия теракт анҷом дода, 15 танро кушт.

"Он чи дар Ню-Йорк рух дод - ин бе ҳеч шакку шубҳа, шикасти сиёсати динии мақомоти Ӯзбекистон аст", менависад Le Monde. Нашрия меафзояд, дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ - Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон вазъи номуносиби иқтисодӣ ва фасод ҷавононро маҷбур мекунад, ки барои дарёфти кор ба Русия раванд ва ё ба гуруҳҳои террористиву тундгаро бипайванданд.

Дар шаҳри Паттерсони иёлати Ню-Ҷерсии ИМА, ки Саипов онҷо истиқомат мекард, масҷиде бо номи Умар мавҷуд аст. Аммо дар бораи он ки оё Саипов ба ин масҷид барои адои намоз мерафт ё на, иттилои дақиқ мавҷуд нест. Бархе аз ҳамсояҳо мегӯянд, вай ба масҷид мерафт, аммо намозгузорон чунин одамро надидаанд, менависад The Guardian.

Телевизиони CBS News ​бо такя ба манбаъҳояш хабар медиҳад, Саипов дар бозпурсӣ дар бемористон ба муфаттишон гуфтааст, ки вай агар баъди теракти Манхэттен боздошт намешуд, метавонист ҳамлаашро давом дода, чанд одами дигарро бикушад.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп баъди ҳамлаи Манхэттен низоми таъқиби ҷиноии кишварашро танқид карда, онро "мазоҳ" ва "хандаовар" номид. Трамп афзуд, ки омодааст, "ин ҳайвон"-ро ба зиндони низомии амрикоӣ дар соҳили Гуантанамо фиристад, менависад New York Times. "Террористи Ню-Йорк бо хушҳолӣ мехост, ки дар утоқаш парчами "Давлати исломӣ" овезон шавад. Вай 8 одамро кушта, 12 тани дигарро захмӣ кард. ӮРО БОЯД БА ҚАТЛ МАҲКУМ КАРД!", - навишт Трамп дар Twitter.

Президенти ИМА ҳамзамон гуфт, ки тақсими грин-карт дар Амрико қатъ шавад. Ба иттилои Santa Monica Observer, Сайфулло Саипов дар соли 2010 бо дарёфти грин-карт вориди ИМА шудааст. New York Times менависад, Сайфулло Саипов баъди ворид шуданаш ба ИМА дар манзили дӯсти падараш дар шимолу шарқи Синсиннатӣ истиқомат мекард. "Вай талаби ҳукумати кишварашро дар бораи сабти ном кардан дар консулгарӣ рад карда буд. Вай ният надошт, ки ба кишвараш баргардад", менависад нашрия.

XS
SM
MD
LG