Ссылки доступа

Эҳтимол аст, вуруди шаҳрвандони Ӯзбекистон ба ИМА манъ шавад


Дар Кохи сафед мегӯянд, эҳтимол дорад, Ӯзбекистон ба рӯйхати кишварҳое ворид карда шавад, ки вуруди шаҳрвандонашон ба ИМА манъ аст. Дар ин бора сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс дар посух ба суоли рӯзноманигорон изҳори назар кард.

"Мо дар ҳоли озир, ба ин даъват намекунем, вале онро истисно ҳам намедонем", - гуфт сухангӯи Кохи сафед.

Ёдрас мешавем, шаҳрванди 29-солаи Ӯзбекистон Сайфулло Саипов 31 октябр дар маркази шаҳри Ню-Йорк бо мошине ба роҳи дучархасаворӣ баромада, даҳҳо одамро пахш кард. Дар натиҷа 8 кас кушта ва 12 тани дигар захмӣ шуданд. Пулис ҳодисаро теракт номид.

XS
SM
MD
LG