Ссылки доступа

Остона: иттилои Қирғизистонро мунтазирем


Муовини раиси кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Қазоқистон Госман Амрин гуфт, ки хадамоти гумруки кишвараш вокуниши ҳамтоёни қирғизашро дар мавриди маҳсулоти воридотӣ мунтазир аст.

"Муносибатҳо ба таври кофӣ касбианд. Мо талош дорем бифаҳмонем, ки роҳи ягона - ин ҳамкории муштарак аст. Ин ҳамаи мушкилро рафъ ва шафофияти корро ба вуҷуд меорад", - гуфт Амрин.

Ба гуфтаи вай, ҳафтаи гузашта Қазоқистон дар доираи шартномаҳо маълумот дар бораи он ки кадом навъи молро бо кадом арзиш содир мекунад, ба ҷониби Қирғизистон фиристодааст. "Аз онҳо ҳанӯз посух нагирифтем. Ин чорабиниҳо дар харитаи роҳ, ки ҳоло қабул нашудааст, ворид гардидаанд", - афзуд вай.

Сабаби сар задани мушкил дар марзи ду кишвар, ба гуфтаи Госман, мавҷи маҳсулоте буд, ки "бо вайрон кардани талаботи гумрукӣ, андоз, фитосанитарӣ ва қонунгузории ҳамлу нақл" ворид мешуд.

Вай гуфт, дар сурати ворид нашудани иттилоъ назорат шадидтар хоҳад шуд. "Агар онҳо (ҷониби Қирғизистон) худдорӣ кунанд, маълумот надиҳанд, бо мо ҳамкорӣ накунанд, мо маҷбур мешавем, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз воридоти мол ва вайроншавии қонун назоратро шадидтар кунем", - афзуд Амрин.

Сар аз 10 октябр Қазоқистон назоратро дар гузаргоҳҳои марзӣ шадидтар кард. Ин боис шуд, ки дар гузаргоҳҳои вилояти Чуй ва Таласи Қирғизистон навбатпоии тӯлонӣ сар занад.

XS
SM
MD
LG