Ссылки доступа

Қазоқистон 18 шаҳрванди Ӯзбекистонро аз ғуломӣ озод кард


Идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили вилояти Костанайи Қазоқистон як сокини 36-солаи Қарағандаро бо гумони хариду фурӯши инсон боздошт кард. Ба огаҳии идора, гумонбар аз моҳи апрели имсол ба ин сӯ 18 шаҳрванди Ӯзбекистонро дар ғуломӣ нигаҳ медоштааст.

"Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар бинои яке аз ширкатҳои хусусӣ будубоши ғайриқонунии 18 шаҳрванди Ӯзбекистон ошкор карда шуд. Соҳиби ширкат бо роҳи фиреб ва таҳдид онҳоро дар осиёбаш кор мефармудааст. Ҷабрдидаҳо имкони бозгашт ба ватанро надоштанд, зеро гумонбар шиносномаҳои онҳоро гирифта, музди меҳнаташонро низ пардохт намекардааст", - афзуд манбаъ.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди 128 (Хариду фурӯши инсон)-и Кодекси ҷинои Қазоқистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Банди мазкур аз 5 то 7 соли зиндонро бо мусодираи амвол пешбинӣ мекунад. Пулиси Қазоқистон мегӯяд, шаҳрвандони Ӯзбекистон қурбонии одамфурӯшӣ шуда, барои будубоши ғайриқонунӣ ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ин шаҳрвандони Ӯзбекистон дар ҳоли ҳозир, таҳти ҳимояти пулис ва созмонҳои ҷамъиятӣ қарор доранд.

XS
SM
MD
LG