Ссылки доступа

Қаторҳои ҳомили ангишти Қазоқистон вориди Қирғизистон шуданд


Дар Қирғизистон масъалаи таъмини ангишт роҳи ҳал пайдо кард. Дуйшенбек Зилолиев, ноиб-сарвазири Қирғизистон хабар дод, ки то охири моҳи ноябр аз Қазоқистон 100 ҳазор тонна ангишт ворид хоҳад шуд.

"Бино бар иттилои охир, воридоти ангишт шуруъ шудааст. 1 ноябр шаш қатор ва 2 ноябр 9 қатори дигар ворид шуд. Дар истгоҳи "Луговая", дар наздикии марзи Қазоқистону Қирғизистон 25 қатори дигар дар навбат истодаанд. То охири моҳи ҷорӣ дар маҷмуъ 100 ҳазор тонна ангишт ворид мешавад", - гуфт Зилолиев.

Пеш аз фарорасии сардиҳо дар Бишкек як тонна ангишт ба 60 доллар баробар шуд. Тоҷирон гуфтанд, гароншавии ин навъи маводи сӯхт ба қатъи воридоти он аз Қазоқистон вобастагӣ дорад.

Зилолиев дар ҷаласаи 2 ноябри порлумони кишвараш гуфт, ҳукумати Қирғизистон ният дорад, нархи ангиштро назорат кунад.

XS
SM
MD
LG