Ссылки доступа

Зиёда аз 30 муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург заҳролуд шуданд


Табибон дар Санкт-Петербург дар ҷисми 33 нафаре, ки аз универсами "Народний" оварда шуданд, бемории салмонеллёзро ошкор карданд. Аз миёни онҳо 32 нафар дар бемористон ҷой дода шудаанд. Ҳодисаҳои марги беморон сабт нашудааст.

Ҷовид Абдуллоев, раҳбари ҷамъияти тоҷикон дар мағозаи “Народний” гуфт, ҳоло 14 тан аз коргарони тоҷики ин мағоза дар бемористон бистарӣ буда, беш аз 15 нафари дигар, ки вазъашон беҳтар аст, дар хонаҳояшон табобат мегиранд.

Ба гуфтаи Ҷовид Абдуллоев, зоҳиран, коргарони ин мағоза аз марҷумак ё худ гречкаи мӯҳлати истеъмолаш гузашта, заҳролуд шудаанд. Ӯ ҳалокати муҳоҷирон дар пайи ин заҳролудшавиро комилан рад кард. Дар шабакаи мағозаҳои мавсум ба "Народный" ба гуфтаи Абдуллоев, беш аз 500 муҳоҷири тоҷик кор мекунанд.

Ҷовид Абдуллоев гуфт: "Вазъи беморон хуб аст. Мо ҳамин саҳар дар беморхона бо онҳо сӯҳбат доштем. Духтурон ҳам вазъи онҳоро хуб арзёбӣ карданд. Ба онҳое, ки дар хона табобат мегиранд, телефони занг задем, вазъияти онҳо низ хуб аст."

Қаблан, рӯзи 30-уми октябр муҳоҷирони тоҷик аз Санкт-Петербург аз заҳролудшавии беш аз 30 нафар хабар доданд. Ин муҳоҷирон гуфтанд, ки зоҳиран баъди истеъмоли ғизои ошхонаи воқеъ дар дохили фурӯшгоҳи «Народный» онҳо заҳролуд шудаанд. Муҳоҷирон коргарони ҳамин шабакаи мағозаҳои маҳсулоти хӯроквории "Народный" будаанд.

XS
SM
MD
LG