Ссылки доступа

ДИ масъулияти теракти Ню-Йоркро ба зимма гирифт


Хабаргузории Reuters бо истинод ба як расонаи марбут ба тундравон иттилоъ дод, ки гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) масъулияти ҳамлаи террористиро дар маркази шаҳри Ню-Йорк ба зимма гирифт.

Ин расона Сайфулло Саиповро, ки дар куштори 8 одам ва захмии 12 тани дигар айбдор аст, "сарбози Хилофат" номидааст. Дар матлаб ҷузъиёти дигаре оварда нашудааст.

Саипов ҳамчунин ба дастгирии молӣ аз гуруҳи даҳшатафкан айбдор мешавад. Ба огаҳии пулис, аз мошини гумонбар, ки бо он даҳҳо одамро пахш кард, номаи вафодории ӯ ба ДИ пайдо шудааст.

Шаҳрдори Ню-Йорк Билл де Блазио теракти мазкурро "ҳамлаи номардона ба сокинони осоишта ва одамони бегуноҳ" номид. Қонунгузорҳои Амрико аз Кохи сафед хостанд, ки Саиповро ба зиндони низомии Гуантанамои ИМА фиристад.

XS
SM
MD
LG