Ссылки доступа

Имом-хатибони дар хориҷ таҳсилкардаро аз минбарҳои масҷид барканор мекунанд


Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдулқодирзода мегӯяд, ба хотири оромии сокинони кишвар омода аст, аз симмати худ барканор шавад.

Чунин вокуниши раҳбари идораи мусалмонони Тоҷикистон дар пайи пешниҳоди Кумита оид ба корҳоди дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар бораи барканории имомхатибони дар хориҷи кишвар таҳсилкарда ироа шуд.

"Таъмини субот дар кишвар зарур аст. Чанд тан аз имомхатибоне, ки дунболи равияҳои мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯъ рафтаанд, боздошт ва муҷозот шудаанд. Аммо агар манзури ин пешниҳод шахсияти худи ман бошад, ба хотири оромии кишвар ва мусалмонони Тоҷикистон ман омодаам худам аз ин вазифа истеъфо диҳам. Зеро ман намехоҳам, ки таҷрибаи талхи солҳои 1990-ум дар кишвари мо такрор шавад", - гуфт Абдулқодирзода.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 28-уми октябр қарори нави ин ниҳод бо имзои муовини аввали раис - Амирбек Бекназаров содир шудааст. Ба гуфтаи вай, дар ин қарор бо дарназардошти чанд ҳолати ошкоршудаи узвияти имомхатибон дар равияҳои мамнӯи мазҳабӣ, пешниҳод шудааст, ки ин нафарон аз симматҳои худ барканор ва ба “ҷойи онҳо шахсони сазовор интихоб шаванд”. "Ин қарор танҳо нисбати он ходимони диние равона шудааст, ки ғайриқонунӣ дар кишварҳои исломӣ таълимот гирифтаанд", - мегӯяд Афшини Муқим.

Дар нусхаи барқияи телефонии Кумитаи дин ба раёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дастраси сомонаҳои интернетӣ шуд, Кумита ба ниҳодҳои зертобеи худ ду ҳафта мӯҳлат додааст, ки он ходимони дин, ки дар берун аз Тоҷикистон таҳсил кардаанд, аз мақомҳояшон дар масоҷид озод карда шаванд.

Дар барқияи Кумита дин омадааст, ки қарори мазкур баъди он қабул шуд, чанд имом-хатиби дар хориҷ таҳсил карда ба созмонҳои мамнуъ пайваста, ҷиноят содира карданд.

XS
SM
MD
LG