Ссылки доступа

Қирғизистон истихроҷи тилоро ба ширкати қазоқӣ дубора иҷозат дод


Кумитаи давлатии саноат, энергетика ва истифодаи сарватҳои зеризаминии Қирғизистон хабар дод, ки иҷозатномаи фаъолияти ширкати қазоқии "Каз Минералз"-ро дар кони мис ва тилои "Бозумчак", воқеъ дар ноҳияи Ала-Букини ин кишвар барқарор кард.

Иҷозаи кори "Каз Минералз" рӯзи 1 ноябр, дар ҳоле бекор карда шуд, ки Бозрасии давлатии амнияти экологӣ ва техникии Қирғизистон ҳангоми як санҷиши ғайринавбатӣ, онро ба камбудиҳои зистмуҳитӣ айбдор намуд.

Ҳоло ин ниҳод мегӯяд, ки ширкат "тамоми камбудҳоро бартараф карда, ҷаримаро низ супоридааст" ва ҳайати масъул дар назорати истифодаи канданиҳои зеризаминӣ дар ҷаласаи ахири худ тасмим гирифт, парвонаи кори ширкат дар кони Бозумчак барқарор карда шавад.

"Каз Минералз" 2 ноябр хабар дод, ки бо тасмими ҳукумати Қирғизистон кори он дар кони Бозумчак барои се моҳ қатъ гашт. Ин ширкат гуфт, ҳукумати Қирғизистон тасмими худро шарҳ намедиҳад. Дар "Kaz Minerals" афзуданд, ки конҳои онҳо ба тамоми талабот ҷавобгӯст.

Ширкати "Kaz Minerals" аз соли 2014 ба коркарди як қатор конҳо дар Қазоқистон ва кони Бозумчаки Қирғизистон машғул аст. Бино ба маълумоти мавҷуда, аз кони Бозумчак ҳудуди 7 ҳазор кило мис ва каме бештар аз як тонна тило истихроҷ шудааст.

XS
SM
MD
LG