Ссылки доступа

Мирзиёев бо Медведев густариши робитаҳои Ӯзбекистону Русияро баррасӣ карданд


Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон 2 ноябр сарвазири Русия Дмитрий Медведевро дар шаҳри Тошканд ба ҳузур пазируфт. Медведев бо сафари расмӣ ва бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ба Ӯзбекистон омадааст.

Дар мулоқот рушди минбаъдаи робитҳои Русияву Ӯзбекистон, густариши тиҷорати дуҷониба, амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва рушди ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ баррасӣ шуд.

Имрӯз, 3 ноябр бори аввал дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ӯзви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) кушода шуд. Соли ҷорӣ ИДМ-ро Русия роҳбарӣ мекунад.

Дар ҷаласаи Тошканд сарвазирони Арманистон - Карен Карапетян, Булорус - Андрей Кобяков, Қазоқистон - Бакитҷон Сагинтаев, Қирғизистон - Сафар Исҳоқов, Русия - Дмитрий Медведев, Тоҷикистон - Қоҳир Расулзода ва инчунин раиси Кумитаи иҷроия - котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ширкат мекунанд.

Дар ин ҷаласа лоиҳаи 18 ҳуҷҷат барои баррасӣ ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG