Ссылки доступа

Сафар Исҳоқов: Ҳамаи молҳои Қирғизистон дар як соат қочоқӣ шуданд?


Сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов дар ҷаласаи рӯзи 3 ноябри Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон суханронӣ кард. Исҳоқов ба масъалаи марзи Қирғизистону Қазоқистон низ дахолат кард.

"Мутаассифона, дар ҳоли ҳозир ба далели риоя нашудани принсипи тиҷорати озод аз ҷониби бархе аз кишварҳои ИДМ дар бораи фаъолияти минтақаи озоди тиҷоратӣ суҳбат кардан, бемаврид аст", - гуфт сарвазири Қирғизистон.

Исҳоқов ба ширкатдорони ҷаласа хабар дод, ки "ҷониби Қазоқистон" бо истифода аз бартарии транзитиаш сар аз 10 октябри соли ҷорӣ барои шаҳрвандони Қирғизистону шаҳрвандони хориҷӣ, боркашонҳои Қирғизистон ва хориҷӣ, ки тавассути Қирғизистон ба Қазоқистон мераванд, монеаи сунъӣ эҷод кардааст".

"Дар ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ байни Қирғизистону Қазоқистон аз ҷониби Қазоқистон ҷамъшавии мошинҳои борбар мушоҳида мешавад. Ҳамарӯза аз 500 то 600 мошини борбар навбатпоӣ мекунанд. Барои убур аз марз як мошин 5 рӯз вақт сарф мекунад", - гуфт вай.

"Оё мешавад 20 дарсади маҳсулоти кишоварзӣ (картошка, пиёз, олу, ангур)-ро, ки дар Қирғизистон парвариш шудаанд, ё маҳсулоти ширӣ аз корхонаҳои шомили рӯйхати ягонаи ИИАО-ро қочоқӣ номид? Ва ё шояд 80 дарсади маҳсулоти транзитӣ ба Русия низ қочоқӣ аст?!"- афзуд Исҳоқов.

Сарвазири Қирғизистон хабар дод, "далелҳои боздошт ва тафтиши қаторҳои роҳи оҳан, ки аз кишвари севум ба Қирғизистон ҳаракат мекунанд" низ ҷой дорад. Исҳоқов дар хулосааш гуфт, "ҳукумати Қирғизистон умедвор аст, ки назорати иловагӣ дар марз аз сӯи Қазоқистон муваққат буда ва мо метавонем, дар доираи муносибатҳои ҳамсоягӣ ва дӯстонаамон ин мушкилро ҳал кунем".

XS
SM
MD
LG