Ссылки доступа

"Тасма намефорад" - баҳонае, ки ба марг мерасонад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дармонгоҳ дар наздикии манора: мақомот аз имомон хостанд, ки дар дармони сил кумак кунанд (видеои Настоящее время)

- Ихтирои аҷиби муҳоҷирони тоҷик. Як муҳоҷири кории тоҷик аз шаҳри Братски вилояти Иркутски Русия видеои як ихтирои гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Раштро фиристод, ки кори пухтани палавро бисёр осон мекунад (видео аз Директ)

- Партовгоҳи Кӯлоб зиндагиву ҳаракати мардумро мушкил кардааст. Сокинони Кӯлоб ва навоҳии атроф шикоят доранд, ки мақомот дар масъалаи нигаҳдории партовгоҳҳо ба қадри кофӣ аҳамият намедиҳанд ва мардуми оддӣ аз ин бепарвоӣ ранҷ мекашанд (видео)

- "Тасма намефорад" - баҳонае, ки ба марг мерасонад. Як пажӯҳиш мушаххас кардааст, ки танҳо 22 дарсади ронандаҳо дар шаҳри Душанбе тасмаи бехатарӣ баста, бақия яке аз муҳимтарин усули муҳофизат аз хатари маргро нодида мегиранд (видео)

- Таҷлили хоксоронаи зодрӯзи устод. Маҳз бо часпу талоши Воҳид Асрорӣ соли 1967 бахши омӯзиши тахассуси рӯзноманигорӣ таъсис ёфт (видео)

- Духтар ҳам инсон аст! Чаро дар аксари оилаҳо писар ҳуқуқи бештар дорад? Духтар ҳам инсон аст. Ва ё чаро дар хонаводаҳои сунатии Осиёи Марказӣ духтар бо писар ҳуқуқи баробар надорад? (видео)

- "Мардҳо аз зани босавод метарсанд". Пурсиш аз чанд раҳгузар дар Душанбе дар бораи ҷойгоҳи зани таҳсилдида дар оилаҳои суннатӣ (видео)

- 3 миллион рубл барои таълими тоторӣ, на русӣ. Ҷузъиёти парвандаи пурсарусадо дар Қазон (видео аз Директ)

- Рӯзноманигори пажуҳишгар аз Калининградро бо гумони тамаъҷӯии 50 ҳазор доллар боздошт карданд (видео аз Директ)

- Ҳамлаи "Зимистон" сад сол баъд. Дар Эрмитаж ҳодисаҳои соли 1917-ро бозсозӣ карданд (видеои Настоящее время)

- Картер Пейҷ ба Конгресс аз сафари Москвааш нақл кард. Сешнс натавонист ба хотир оварад, ки дар мулоқот бо ширкати Пападопулос дар чӣ бора суҳбат шуда буд (видеои Директ)

- ​Нахустин нонпазхона дар Украина, ки он ҷо одамони дорои қобилияти махсус кор мекунанд (видеои Настоящее время)

- Сулаймон Қодировро ба рӯйхати тундгароҳову террористон шомил карданд (видео аз Директ)

- Миёни Стас Михайлов ва ҳасиб чӣ умумияте ҳаст? (видео аз Директ)

- Таблиғоти Русия дар бахши амрикоии Фейсбук дар интихоботи соли 2016 (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG