Ссылки доступа

Дар Русия баъди изҳороти Малтсев садҳо нафарро боздошт карданд


Дар Русия беш аз 400 одам бо ҷурми иштирок дар тазоҳуроти ҳаракати мамнуи "Артподготовка" боздошт шуданд. Бино ба хабарҳо, пулис дар шаҳри Москва 376 ва дар шаҳри Санкт-Петербург 13 касро дастгир кардааст. Ҳамчунин дар шаҳрҳои Краснодар, Красноярск, Перм, Ростов-на-Дону, Саратов ва Омск боздоштҳо сурат гирифтаанд.

Хабаргузориҳои расмии Русия бо истинод ба манобеи худ иттилоъ доданд, ки аз баъзеи боздоштшудаҳо корд ва ашёи буранда пайдо кардаанд. Аммо манобеи мустақил ин хабарро ҳанӯз тасдиқ накардаанд.

Бино ба хабарҳо, пулис дар маркази Москва ҳатто роҳгузаронро низ дастгир кардааст. Ба дасти пулис бештар наврасоне уфтодаанд, ки бозии "Pokemon Go" мекарданд. Бино ба баъзе маълумотҳо, пулис бархе аз боздоштшудаҳоро дар доираи парвандаи терроризм ва даъват ба бетартибиҳои оммавӣ бозпурсӣ мекунад.

Пештар мухолифи рус ва раҳбари ҳаракати мамнуи "Артподготовка" - Вячеслав Малтсев хабар дод, ки 5 ноябр дар Русия инқилоб хоҳанд кард. Ӯ гуфт, дар ин рӯз дар саросари Русия ҳамоишҳои эътирозии оммавӣ баргузор ва ҳукуматро тағйир хоҳанд дод.

Задержания в центре Москвы, 5 ноября 2017
Задержания в центре Москвы, 5 ноября 2017

Дар пайи ин дар пойтахти Русия ҷонибдорони Малтсев дастаҷамъона боздошт шуданд ва кормандони пулис 20 макони марбут ба аъзои "Артподготовка"-ро кофтукоб карданд. Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ мегӯяд, фаъолони ҳаракат мехостанд, биноҳои маъмуриро оташ зада, ба пулис ҳамла кунанд.

Моҳи июли соли равон Малтсев Русияро тарк кард ва Додгоҳи кишвари Красноярск ҳаракати "Артподготовка"-и ӯро экстремистӣ эълом кард. Додгоҳи Мешанскии Москва худи Малтсевро ғоибона ҳабс кард.

XS
SM
MD
LG