Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон як хонанда бо корд ҳамдарсашро захмӣ кард


Донишомӯзи 16-солаи коллеҷи касбии саноати нафт ва гази шаҳри Қӯқанди Ӯзбекистон Султон Ғозиев 3 ноябр бо корд ба ҳамдарси худ Улуғбек Яъқубов ҳамла кардааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҳодиса дар саҳни коллеҷ рух дода, дар натиҷа Яъқубов захмӣ ва дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ шудааст. Яке аз донишомӯзони дигари коллеҷ мегӯяд, ин ду ҷавон муддатҳо буд, ки бо ҳам баҳс доштанд.

"Баъди дарс ба саҳни коллеҷ баромаданд, то бо ҳам як ба як биҷанганд. Хонандагони боқӣ барои тамошо аз пушташон рафтанд. Ду ҷавон занозаниро оғоз карданд. Дар ҳамин ҳол, Султон кордро бароварда, ба шиками Улуғбек зад ва гурехт. Мо ҳам ёрии таъҷилиро даъват кардем", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Як омӯзгори коллеҷ низ ин хабарро тасдиқ кард. "Ғозиев тарбияи хуб надидааст. Аз болои ӯ пештар ҳам шикоят шудааст. Дар робита ба ӯ мо ба нозири минтақавӣ ариза навишта будем. Падари Султон дар маҳбас аст ва мо борҳо ба модараш гуфта будем, ки писари шумо ба қонуншиканиву ҷинояткорӣ шавқу рағбат дорад. Донишомӯзони мо пеш аз ворид шудан ба коллеҷ тафтиш мешаванд ва мо ҳоло намедонем, ки Султон кордро аз куҷо гирифтааст. Пулис низ ин масъаларо таҳқиқ дорад", - афзуд омӯзгор.

Дар Раёсати умури дохилии Қӯқанд гуфтанд, ки Ғозиев боздошт шуда, зиддаш бо банди 105 (Барқасдона расонидани осеби ҷисмонӣ)-и Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG