Ссылки доступа

Созмони ҳомии ҳамҷинсгароёни Тоҷикистон фаъолияташро қатъ кард


Созмони кор бо ҳамҷинсгароён, нашъамандон ва гирифторони бемориҳои сироятӣ дар шимоли Тоҷикистон пас аз як ҳушдори додситонӣ фаъолияти худро қатъ кард. Созмони ҷамъиятии “Роҳи зиндагӣ” дар шаҳри Бустони вилояти Суғд ҳафт сол инҷониб бо гурӯҳҳои осебпазири кишвар кор мекард.

Масъулони созмон мегӯянд, борҳо барои кор бо ҳамҷинсгароён расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳушдор гирифта, ҳатто ба онҳо фишор овардаанд, ки аз лоиҳаи кор бо ҳамҷинсгароён даст кашанд. ​Албина Ишқуватова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Роҳи зиндагӣ” рӯзи 3-уми ноябр гуфт, пас аз тафтишҳои дилгиркунанда чунин тасмим гирифтанд.

Ба гуфтаи ӯ, додситонӣ фаъолияти молии 2,5 солаи онҳоро тафтиш кард, вале ягон ҳолати дуздии маблағҳо ё истифодаи нодурусти грантҳоро пайдо накардааст. "Чанд камбудие ёфтанд, ин буд, ки дафтарчаи меҳнатӣ ва варақаи шахсии кормандони мо хонапурӣ нашуда буд. Дигар камбудие, ки онҳо ишора карданд, ин буд, ки кормандон мувофиқи вазифаи ишғолкардаашон диплом надоштанд. Ба мо барои ин ҳушдор доданд. Чун мо аз тафтиши ҳукумат, хадамоти оташнишонӣ, идораи вогиршиносӣ ва додситонӣ хаста шудем, корамонро қатъ кардем", - афзуд Ишқуватова.

Шикояти намояндагони ин созмон ва созмонҳои дигари ҷамъиятӣ пас аз тағйири Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди корррупсия” ва Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-и Тоҷикистон афзоиш ёфт. Ин қонуҳо, ки давоми солҳои 2015 ва 2016 тағйир ёфтанд, ба мақомот иҷозати тафтиш ва аудити грантҳои хориҷиро медиҳанд.

XS
SM
MD
LG