Ссылки доступа

Бабанов дар бораи парвандаи ҷиноӣ: аз ман дев насозед


Додситонии кулли Қирғизистон 4 ноябр зидди вакили порлумони ин кишвар Омурбек Бабанов ва афроди дигар бо моддаи "даъвати оммавӣ ба барҳам задани сохти конститутсионӣ" ва "барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ ё мазҳабӣ" парвандаи ҷиноятӣ кушод.

Ин парванда ба суханронии Бабанов дар мулоқот бо сокинони шаҳраки "Амир Тимур" дар шаҳри Ӯши Қирғизистон рабт мегирад, ки 28 сентябр замони таблиғоти интихоботӣ садо дода буд.

Дар посух Бабанов гуфт, "имрӯз мо ҳама шоҳиди худсарии мақомоти қудратӣ шудем, ки комилан як парвандаи бофтаи сиёсӣ кушодаанд". "Ҳамаи ин сохтакорист ва ба ҳар кадоми мо ошност", - афзуд Бабанов.

"Соҳибони ҳукумат наметавонанд дарк кунанд, ки сабабгори ҳамаи мушкилот Бабанов нест. Аз он ки онҳо маро аз саҳнаи сиёсӣ дур мекунанд, ҳаёти кишвар беҳбуд намеёбад, масъалаҳо ҳал намешаванд. Нашояд дар ҳамаи бадбахтиҳо маро гунаҳкор донист, аз ман дев сохт. Ҳақиқат билохира ошкор мешавад", - мегӯяд Бабанов.

Ҷонибдорони вай мегӯянд, Бабанов дар Русия буда, табобат мегирад. Вай кай ба Русия рафта ва оё тасмими баргаштан дорад ё на, дақиқ нест.

Дар интихоботи президентии Қирғизистон Омурбек Бабанов рақиби асосии номзади ҳизби ҳоким Сооронбой Ҷээнбеков буд.

XS
SM
MD
LG