Ссылки доступа

ВКД Қирғизистон ба сиёсӣ будани қатли Улан Салянов бовар надорад


Мақомоти тафтишотии Қирғизистон чанд фарзияи куштори бародари вакили порлумони ин кишвар Аида Салянова -- Улан Саляновро баррасӣ доранд, ки шаби 5 ба 6 ноябр дар манзили зисташ парронда шуд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, фарзияи сиёсӣ будани ин куштор баррасӣ намешавад. Дар робита ба ҳодисаи мазкур бо банди "Куштор" парванда боз шуда, онро муфаттишони ВКД таҳқиқ доранд.

Ба огаҳии пулис, афроди мусаллаҳ тахминан соатҳои 01:30-и шаби якшанбе ба душанбе ба хонаи бародари вакили порлумони Қирғизистон, воқеъ дар деҳаи Кок-Жари вилояти Чуй ҳамла кардаанд. Ҳамлагарон ба бадани Салянови 42-сола ду тир холӣ карда, аз маҳалли ҳодиса ғайб задаанд ва ҷабрдида низ дар роҳ ба беморхона ҷон додааст. Ҳангоми рух додани ҳодиса Салянов дар хона ҳамроҳи хонаводааш будааст.

Ба гуфтаи пайвандони Салянов, ба хонаи онҳо се-чор ниқобпӯши мусаллаҳ ворид шуда, пул хостаанд. Соҳибхона Улан Салянов бо ҳамлагарон даст ба гиребон шуда, дар натиҷа онҳо ӯро паррондаанд.

Ба иттилои ВКД Қирғизистон, ҳамлагарон бо мошини сафед ба ҷойи номаълум панаҳ бурдаанд. Мақомоти умури дохилии шаҳри Бишкек ва вилояти Чуй афроди гумонбарро ҷустуҷӯ доранд.

Аида Салянова вакили порлумони Қирғизистон аз ҷиноҳи мухолифи "Ота-Макон" аст. Ӯ дар гузашта додситони кул ва вазири адлияи ин кишвар низ буд. Додгоҳи ноҳияи Ленини Бишкек 10 октябр Саляноваро ба сӯистифода аз мақоми хидматӣ ҳангоми вазири адлия буданаш айбдор ва 5 сол бо мусодираи молу мулк аз озодӣ маҳрум кард.

XS
SM
MD
LG