Ссылки доступа

Боғи Айнӣ дар Душанбе баъди бозсозии баҳсбарангез дубора боз шуд


Дар Душанбе боғи ба номи Садриддин Айнӣ баъди бозсозӣ кушода шуд. Дар маросими кушодашавии боғ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомолӣ ширкат карданд.

Дар ин маросим аз муҷассамаи нави Садриддин Айнӣ пардабардорӣ шуда ва ба гуфтаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон "бо ҳамроҳонашон дар назди мақбараи устод Айнӣ, ки дар боғ мавқеъи асосиро ишғол мекунад, бо дуову фотеҳаи нек руҳашро шод карданд".

Таъмиру азнавсози ин боғ бо маблағҳои ҳукумати вилояти Суғд сурат гирифтааст. Мақомот мегӯянд, ки ин боғ ҳамакнун яке аз маконҳои фароғатӣ-истироҳатӣ дар пойтахти Тоҷикистон хоҳад буд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин боғ дар ҳоле анҷом ёфт, ки тайи чанд моҳи ахир бинобар интиқоли ҷасадҳои шуморе аз чеҳраҳои маъруфи тоҷик аз ин макон, ин мавзӯъ дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд.

Дар раванди корҳои азнавсозии ин боғ, қабри Қаҳрамони Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони Тоҷикистони Шӯравӣ Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Боқӣ Раҳимзода, Камол Айнӣ ва ҳамсараш Муқаддима Ашрафиро аз Боғи Айнии пойтахт ба оромгоҳи Лучоб интиқол доданд.

Ирина Тихонова – набераи Ҷаббор Расулов – раҳбари собиқи Тоҷикистони Шӯравӣ, ки қабраш аз Боғи Айнӣ ба оромгоҳи Лучоб бурда шудааст, низ дар моҳи октябр аз чунин амалкард норизоӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG