Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон: навбатпоӣ дар марз бо Қазоқистон ба маротиб коҳиш ёфт


Дар нисфирӯзии 6 ноябр дар гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек" 30 мошини борбар боқӣ монда ва дар гузаргоҳи "Чалдибар" тақрибн навбатпоӣ мушоҳида намешуд. Дар ин бора кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи (КҲФ) Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ниҳоди мазур, соати 11-30 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар гузаргоҳи "Оқ-Жол" панҷ мошини сабукрав ва 1 автобус боқӣ монда буд. Дар гузаргоҳи "Чон-Капка" дар вилояти Талас 76 мошини борбар ва 3 мошини сабукрав навбатпоӣ мекарданд. КҲФ дар наздикии ин гузаргоҳ 17 хайма зада, ғизои гарм ва нуктаи тиббӣ ҳам ташкил кардааст.

Расонаҳо менависанд, марзбонони Қазоқистон тавассути гузаргоҳи "Оқ-Тилек"-и вилояти Чуй ҳамарӯза то 100 мошини борбарро иҷозаи убур медиҳанд.

Сар аз 10 октябри соли ҷорӣ Қазоқистон назорати марзиро дар сарҳад бо Қирғизистон шадид кард. Дар натиҷаи гуфтугӯҳо дар Остона 18 октябр ду ҷониб ба созиш расиданд, ки убуру мурури мошинҳои мусофиркашро осон мекунанд. Аммо масъалаи мошинҳои борбар ҳалношуда боқӣ мондааст.

Дар саммити сарони ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар Еревани Арманистон 25 октябр сарвазири Қазоқистон Бакитҷон Сагинтев гуфт, ки омори пешниҳодкардаи Қирғизистон дар мавриди гардиши молу маҳсулоташ бо Чин аз омори эълонкардани Чин "ба куллӣ фарқ дорад". Сарвазири Қазоқистон шиддат гирифтани назорат дар гузаргоҳҳоро бо пешгирӣ аз қочоқ рабт дод. Вазири иқтисоди Қирғизистон Артем Новиков дар посух ба сарвазири Қазоқистон гуфт, "ин мушкил дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди иқтисодӣ мавҷуд аст".

XS
SM
MD
LG