Ссылки доступа

Мухолифи ӯзбек Ислом Холбой таҳти пайгард қарор гирифт


Дар доираи парвандаи рӯзноманигори мустақил Бобомурод Абдуллоев, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Тошканд боздошт гашт, зидди фаъоли ҳизби мухолифи "Эрк" (Ирода)-и Ӯзбекистон Ислом Холбой ҳам айб эълом шудааст.

Дар ин бора узви Гуруҳи ташаббускори ҳомиёни ҳуқуқи мустақили Ӯзбекистон Сурат Икромов хабар дод. Ислом Холбой зодаи вилояти Бухорои Ӯзбекистон буда, солҳои ахир дар Туркия зиндагӣ мекунад.

"Хонаводаи Холбой дар Бухоро зиндагӣ доранд. Кормандони амниятӣ аллакай ба хонаи онҳо омаданд. Дар ҳоли ҳозир, дақиқ намедонам, ки зидди ӯ бар пояи кадом банд айб эълом шудааст. Вале эҳтимол дорад, ки вайро ба "нақзи сохти конститутсионии Ӯзбекистон" айбдор кунанд. Афзоиши шумори гумонбарони ин парванда моро хеле нигарон кардааст. Ҳадафи асосии парванда Муҳаммад Солеҳ аст", - афзуд Икромов.

Ислом Холбой низ тасдиқ кард, ки кормандони Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон ба хонаи пайвандонаш дар Бухоро омада буданд. Ба гуфтаи Холбой, ҳоло ӯ таҳти пайгард қарор дода шудааст.

"Дӯстонам мегӯянд, дар ҳама ҷойҳо аксамро овехтаанд. Эҳтимол аст, зидди ман дар робита ба парвандаи Абдуллоев айб эълом шудааст. Зеро чанде пеш бо унвони "Усмон Ҳақназаров кӣ аст?" матлабе навишта будам. Бо Бобомурод низ ошно ҳастему тайи 3-4 соли ахир бо ҳам тамос доштем. Шояд зидди ман барои матлаби ахирам айб эълом кардаанд. Вале дар он чизи мамнуе нагуфтаам ва он ҳам бо номи мустаор нашр шуд. Чун вазъи кишвар бад аст", - изҳор дошт Холбой.

Рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев 27 сентябр дар шаҳри Тошканд дастгир шуда, то ҳол дар боздоштгоҳи Хадамоти амнияти Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешавад. Зидди ӯ бо банди "кӯшиши ғасби ҳукумат ва сарнагун кардани сохти конститутсионии давлат" парванда боз кардаанд.

Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, "Абдуллоев ба ҳайси як масъули "Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон" бо дастури раҳбари ҳаракат Муҳаммад Солеҳ аз соли 2011 дар Интернет матлабҳоеро нашр мекард, ки ба сарнагунии сохти конститутсионии ин кишвар равона шудаанд".

То имрӯз дар робита ба парвандаи Абдуллоев се нафар ҳабс шудаанд. Се вакили дифои рӯзноманигор шикоят доранд, ки то ҳол ягон нафари онҳо натавонистаанд, бо шахси зери ҳимояи худ мулоқот кунанд.

XS
SM
MD
LG