Ссылки доступа

Дар Сурия дар натиҷаи таркиши мошин 75 одам кушта шуд


Дар шарқи Сурия дар вилояти Дайр-аз-Зур даҳҳо фирорӣ қурбони теракт шуданд. Бино бар иттилои Маркази суриягии ҳуқуқи инсон, 5 ноябр дар натиҷаи таркиши мошини минкоришуда дар лагери фирориён на камтар аз 75 одам кушта ва 140 тани дигар захм бардоштанд.

Ин фирориён дар вилояти Дайр-аз-Зур аз ҷангҳои миёни ҷиҳодиён, артиши ҳукуматӣ ва мухолифони мусаллаҳ паноҳ бурда буданд.

То кунун масъулияти ин таркишро касе бар уҳда нагирифтааст. Дар гузашта гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ин гуна ҳамлаҳоро анҷом медод.

Чанд рӯз пеш ҳукмати Сурия аз ғасби Дайр-аз-Зур, маркази маъмурии вилояти ҳамном хабар дод. Дастаҳои ҷангҷӯи "Давлати исломӣ" ба минтақаҳои биёбонии шарқи Сурия, ба сӯи марзи Ироқ ақибнишинӣ карданд.

XS
SM
MD
LG