Ссылки доступа

Ба масҷидҳои Тошканд иҷозат доданд, азонро баланд бигӯянд


Дар масҷидҳои бузурги шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ба муаззинҳо иҷозат доданд, ки азонро тавассути балангӯҳо бихонанд. Дар Ӯзбекистон 10 соли охир азон танҳо дар дохили масҷид садо медод.

Ба иттилои сокинони Тошканд, дар ҳоли ҳозир садои азон то 300-500 метри атрофи масҷид шунида мешавад. Намозгузорон умед доранд, ки дар ояндаи наздик мақомот иҷозат медиҳанд, то азон баландтар садо бидиҳад. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар минтақаҳои дигари кишвар аз ҷумла вилоятҳои Андиҷону Фарғона низ азон баланд садо медиҳад.

Абдураҳмон Ташанов, як хабарнигори маҳаллӣ аз Тошканд мегӯяд, аз ибтидои моҳи ҷорӣ садои азон баланд шуд. Вай мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дақиқ нест, ки оё мақомот барои баланд гуфтани азон дастури расмӣ додаанд ё шифоҳӣ.

Як имом-хатиб аз шаҳри Тошканд гуфт, ин ташаббуси худи муаззинон аст.

Бино бар иттилои расмӣ, дар Ӯзбекистон 2037 масҷид вуҷуд дорад, ки бештар аз панҷ ҳазор имом ва муовинонашон дар онҳо кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG