Ссылки доступа

Хонандагони тоҷик аз Вазорати маориф $3,1 млн қарздор шудаанд


Ба огаҳии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ҳаҷми қарзи мактабҳои миёна аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ ба беш аз 27 миллион сомонӣ ($3,1 млн) расидааст. Ҳоло ин ниҳод аз масъулони тамоми макотиб хостааст, ки ин пулро баргардонанд.

Танҳо мактабҳои вилояти Хатлон аз ҳисоби пули иҷораи китобҳои дарсӣ 7 миллиону 380 ҳазор сомонӣ (ҳудуди $840 ҳазор) қарзидоранд. Масъулони Раёсати маорифи Хатлон 6 ноябр гуфтанд, баргардонидани ин пул ба зиммаи хонандагон ва волидайни онҳо вогузор шудааст. Ба гуфтаи онҳо, ин қарз аз солҳои қаблӣ мондааст.

Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мудирони мактаб, омӯзгорон ва раҳбарони синфҳо хона ба хона гашта, пул ҷамъ мекунанд. Пештар низ хабар дода буданд, ки мақомоти маорифи ноҳияи Рашт аз хонандагони мактабҳои миёна хоста буданд, ки дар ивази пули иҷораи китоб чормағзу хуч ва коғазпораву оҳанпора биоранд.

Давлатмурод Эшмуродов, як масъули Корхонаи табъу нашр дар минтақаи Қӯрғонтеппа гуфт, ки хонандагони мактабҳо муддати солҳои 2001 то 2016 китобҳоро гирифта, вале пули иҷораи онро барнагардонидаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Эшмуродов, ҳоло бояд ин пул ҳар чӣ зудтар ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баргардонида шавад: "Вазорати маориф ва илм бо идораҳои маориф санаде дорад, ки бояд бар асоси он пули китобҳо баргардонида шавад. Бар асоси ин санад теъдоди китобҳо ва миқдори пул мушаххас аст".

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон китобҳои дарсиро ба мактабҳои миёна барои се сол ба иҷора медиҳад. Ба гуфтаи масъулони вазорат, мактабҳои миёна дар соли аввал 34% ва дар солҳои дувуму севум 33-дарсадӣ пули китобро бояд баргардонанд.

"Баъди се сол китобҳо ба ҳисоби мактаб мегузаранд. Раҳбарияти мактабҳои миёна метавонанд ҳаққи иҷораи китобҳои дарсиро дар соли севум то 50% боло бурда, ин пулро ба нигаҳдории китобхона, афзоиши маоши омӯзгорон ва таъмини фарзандони оилаҳои камбизоат бо китоб сарф кунанд", - гуфтанд дар Вазорати маориф.

XS
SM
MD
LG