Ссылки доступа

Бонкҳои Туркманистон ҳаҷми дарёфти маблағро дар хориҷ ду баробар кам карданд


Бонкҳои Туркманистон ҳаҷми дарёфти маблағро тавассути корти бонкӣ дар хориҷи кишвар кам карданд. Акнун шаҳрвандоне, ки дар хориҷ ҳастанд, наметавонанд тавассути бонкоматҳо дар як рӯз бештар аз 50 доллар дарёфт кунанд.

"Внешэкономбонк"-и Туркманистон тартиботи навро бо он асоснок мекунад, ки "аз харҷҳои ғайримақсадноки пулҳо пешгирӣ шавад". Аммо шаҳрвандони Туркманистон метавонанд суратҳисоби худро бе маҳдудият пур кунанд.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси тартибони нав, пардохти хизматрасонии меҳмонхона, беморхона, муассисаи таълимӣ, инчунин харидани билети ҳавопаймо ё қатора тавассути корти пластикӣ имконпазир шудааст.

Табодули асъор дар Туркманистон аз ибтидои соли 2016 мамнуъ шуд. Дар робита ба ин, дарёфти доллари ИМА тавассути кортҳои пластикӣ дар хориҷ, барои шаҳрвандони Туркманистон ягона роҳи табодули асъор боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG