Ссылки доступа

СММ: 2017 гармтарин сол дар таърихи мушоҳидаҳои ҳавошиносист


Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ дар оғози ҳамоиши СММ оид ба иқлим дар шаҳри Бонни Олмон гуфт, соли равон дар таърихи мушоҳидаҳои ҳавошиносӣ яке аз солҳои гармтарин шумурда хоҳад шуд.

Аз 6 то 17 ноябр дар Бонн намояндагони тақрибан 200 кишвари дунё гирди ҳам ҷамъ омада, созишномаи иқлими Порисро бо вуҷуди бурунрафти ИМА аз он ҷонибдорӣ мекунанд.

Дар гузориши солонаи оҷонсии СММ, ки 6 ноябр нашр шуд, омадааст, ки соли гузашта гармтарин сол буд ва солҳои 2015-2017 аз ин нигоҳ дар мақоми дувум қарор доранд.

Ҳамчунин қайд шудааст, ки ҳаҷми гази ангидриди карбон дар ҳаво соли равон низ афзоиш ёфта, сатҳи оби баҳрҳо боло ва паҳноии яхи Антарктида ба сатҳи рекордӣ коҳиш ёфтааст. Ба огаҳи созмон, ҳарорати миёнаи ҳаво дар ҷаҳон аз моҳи январ то сентябри соли равон нисбат ба солҳои 1981-2010 ним дараҷа гармтар буд.

"Мо дар соли 2017 шоҳиди шароити ғайриоддии обу ҳаво шудем", - омадааст дар изҳороти дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ Петтери Таалас. Ӯ тӯфон дар Атлантика ва баҳри Кароиб, гармии беш аз 50-дараҷаӣ дар Покистон, Эрон ва Умон, обхезиҳо дар Осиё ва хушксолӣ дар Африқои Шарқиро намунаи тағйирёбии иқлим номид.

XS
SM
MD
LG