Ссылки доступа

Даромади ҳадди ақали сокинони Қазоқистон аз 1 январ афзоиш меёбад


Муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон Светлана Жакупова дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Остона гуфт, аз 1 январи соли 2018 сатҳи даромади ҳадди ақали сокинони кишвараш аз 24 ҳазору 459 танга (ҳудуди 73 доллар) ба 28 ҳазору 284 танга афзоиш хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон, оморҳои расмӣ нишон додаанд, ки сохтори талаботи сокинони ин кишвар тағйир ёфтааст.

"Ҳаҷми харҷи сокинон ба маҳсулоти ғайриғизоӣ ва хидматрасонӣ мутаносибан 45 дарсадро ташкил медиҳад. Бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ки даромади ҳадди ақал ба андозаи 55-45 дарсад афзоиш дода шавад", - гуфт Жакупова.

Ба огаҳии кумитаи омори Вазорати иқтисоди миллии Қазоқистон, моҳи октябр ҳаҷми даромади ҳадди ақал 25 ҳазору 738 тангаро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи гузашта 2,4 дарсад бештар аст.

XS
SM
MD
LG