Ссылки доступа

Рӯзноманигори маъруфи ӯзбек Ҳаёт Хон Насриддинов боздошт шуд


Дар Тошканд блогнависи маъруф, рӯзноманигор ва омӯзгори фанни иқтисод Ҳаёт Хон Насриддиновро боздошт карданд. Хабар дода мешавад, ки дар ҳоли ҳозир вай дар боздоштгоҳи Хадамоти амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Алексей Волосевич, хабарнигори маҳаллӣ менависад, Насриддинов тақрибан 20 октябр аз сӯи кормандони Хадамоти амнияти миллӣ боздошт шудааст.

“Сабаби боздошти вай дақиқ нест. Ба ҷуз ин, кормандони амният гуфтанд, ки гӯё вай аз вакили дифоъ даст кашидааст”, - менависад Алексей Волосевич.

Ба гуфтаи вай, хонаводаи Насриддинов намехоҳад бо рӯзноманигорон суҳбат кунад. Ба навиштаи Волосевич, боздошти Насриддинов эҳтимол ба парвандаи Бобомурод Абдуллоев рабт дорад.

Ҳаёт Хон Насриддинов чанд муддат бо хабаргузории “Фарғона” ҳамкорӣ дошт. Даниил Кислов, сармуҳаррири “Фарғона” мегӯяд, аз боздошти Насриддинов қариб 15 рӯз гузашт, аммо то кунун мақомот сабаби боздошти ӯро шарҳ намедиҳанд.

Ҳаёт Хон Насриддинов соҳиби маълумоти иқтисодӣ ва номзади илмҳои иқтисодист. Солҳои охир дар яке аз мактабҳои Тошканд ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG