Ссылки доступа

Ӯзбекистон розӣ шуд, ба Тоҷикистон дубора газ фурӯшад


Душанбе ва Тошканд масъалаи азсаргирии интиқоли гази табии Ӯзбекистонро ба Тоҷикистон баррасӣ карданд. Дар даври дувуми гуфтугӯи ҷонибҳо дар шаҳри Тошканд, Ӯзбекистон бар ивази ҳар ҳазор метри мукааби газаш ҳудуди 150 доллар хостааст.

Олимҷон Раҳимов, сармуҳосиби ширкати "Тоҷиктрансгаз" 7 ноябр гуфт, ҷониби Тоҷикистон тасмим гирифт, ки то охири моҳи равон нархи пешниҳодии Ӯзбекистонро баррасӣ ва ниёзи ширкату корхонаҳои саноатии кишварро ба гази табиӣ муайян кунад.

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод карда, ки дар сурати розӣ будани Тоҷикистон ба ин нарх ва ҳаҷми гази воридотӣ, ҷонибҳо метавонанд, моҳи декабр дар Тошканд созишномаеро имзо кунанд.

Пештар мақомоти ин ширкат гуфта буданд, ки дар марҳилаи аввал барои расидагӣ ба ниёзи корхонаҳои саноатӣ метавонанд солона аз Ӯзбекистон аз 350 то 800 миллион метри мукааб гази табиӣ харанд.

Ӯзбекистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон пурра қатъ карда буд. Соли 2011 кишвари ҳамсоя солона ҳудуди 370 миллион метри муккаб газро ба Тоҷикистон бо нархи 370 доллар барои ҳазор метри мукааб мефурӯхт.

То соли 2012 Ӯзбекистон ҳамасола ҳаҷми интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон тадриҷан коҳиш дод. Дар ниҳоят, Ӯзбекистон эълон кард, ки ба сабаби фурӯши миқдори зиёди гази табиӣ ба Русия ва Чин наметавонад, дигар ин намуди сӯзишвориро ба Тоҷикистон содир кунад.

Ин вазъият ҳукумати Тоҷикистонро водор кард, ки кори корхонаҳоеро, ки бо гази табиӣ фаъолият доштанд, бо ангишт ба роҳ монад. Аз ҷумла, ширкатҳои бузурге ба монанди корхонаи алюминийи Тоҷикистон - “Талко” ва корхонаи тавлиди сементи Душанбе ба истифодаи ангишт гузаштанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар гузашта борҳо талош кардааст, ки мавзӯи азсаргирии воридоти газро аз Ӯзбекистон бо мақомоти кишвари ҳамсоя матраҳ кунад, вале раҳбарияти вақти Тошканд дар аҳди президенти пешин Ислом Каримов пайваста ба чунин пешниҳод посухи рад медод.

XS
SM
MD
LG