Ссылки доступа

WSJ: троллҳои Русия пеш аз интихоботи дохилӣ ба таблиғи Трамп шуруъ кардаанд


Саҳифаҳои марбут ба Русия дар шабакаи иҷтимоии Twitter баъд аз чанд рӯзе, ки Доналд Трамп дар моҳи июни соли 2015 номзадиашро ба интихоботи президентии ИМА пешбарӣ кард, ба таблиғи вай пардохтаанд. Таҳлилгарони нашрияи The Wall Street Journal ин хулосаро пешниҳод мекунанд.

Дар хулосаи ниҳоӣ дар бораи “изи русӣ” дар маъракаи пешазинтихоботӣ ниҳодҳои иктишофии ИМА ибтидои таблиғи Трампро декабри соли 2015 эълон карданд. Русия дахолаташро дар интихоботи президентии ИМА рад мекунад.

Ба ҷуз аз таърифу тавсифи Трамп, нахустин навиштаҳо зидди номзади он замон маҳбуби ҷумҳурихоҳон Ҷеб Буш ва номзади пешгоми демократҳо Ҳилларӣ Клинтон равона шуда буданд.

Ҳанӯз то оғози маъракаи пешазинтихоботӣ, қабл аз он ки Трамп пирӯзиашро дар интихоботи дохилиҳизбӣ собит кунад, таблиғот ба ҷонибдорӣ аз вай авҷ гирифт. Матнҳои таблиғотӣ бо мазмуну муҳтавои ҳамранг якбора дар чанд саҳифа нашр мешуданд.

Матнҳои танқидӣ, ба навиштаи The Wall Street Journal, асосан дар саҳифаҳое нашр мешуданд, ки ба нооромии вазъи Амрико равона шуда буданд.

Қисми зиёди саҳифаҳое, ки аз сӯи троллҳо ё мубаллиғони фаҳшову иғвои Русия таъсис шуда буданд, таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб мекарданд. Барои намуна, яке аз чунин саҳифаҳоро, ки гӯё ба сокини Техас рабт дошт, тақрибан 70 ҳазор корбари шабакаи иҷтимоӣ мехонданд.

(Сенатори амрикоӣ Ричард Бёрр нақл мекунад, ки троллҳои Русия чӣ гуна задхӯрдҳои Техасро роҳандозӣ карданд):

Виртуальные тролли и реальные жертвы
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:53 0:00

XS
SM
MD
LG