Ссылки доступа

HRW ҳамла ба манзили модари ҳомии ҳуқуқи туркманро маҳкум кард


Созмони байналмилалии Human Rights Watch (HRW) ҳамла ба манзили модари раиси Ташаббуси туркманӣ дар умури ҳуқуқи инсон ва муҳаррири сомонаи "Хроника Туркменистана" Фарида Тухбатуллинаро, ки феълан худи ӯ дар хориҷ зиндагӣ мекунад, маҳкум кард.

HRW 6 ноябр бо нашри як изҳорот аз мақомоти Туркманистон даъват кард, ки ҳамла ба хонаи модари ҳомии ҳуқуқро маҳкум карда, онро ҷиддан таҳқиқ кунанд. Шаби 28 ба 29 октябр афроди ношинос манзили Холида Избастинова, модари Тухбатуллинаро сангборон карданд.

"Ин ҳамла ба эҳтимоли зиёд, тасодуфӣ нест. Чунин ҳодисаҳо замоне рух медиҳанд, ки ҳукумат фаъолони маданиро зери назорати сахт қарор диҳад. Мақомоти туркман, ки наметавонанд ба худи Тухбатуллина дастрасӣ пайдо кунанд, бинобар ин, барои ҳушдор додани ӯ роҳҳои дигарро меҷӯянд", - мегӯяд муовини раҳбари HRW дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ Рэйчел Денбер.

Нашрияи "Хроника Туркменистана" он замон навишт, ки дар натиҷаи ҳамла шишаи панҷараҳо шикастаанд, вале хушбахтона, худи Избастинова осеб надидааст. Сар аз шаби 28 октябр хати телефон хомӯш шуда, тамос гирифтан бо Избастинова имкон надошт. Холида Избастиноваи нафақахӯр 76 сол дошта, беш аз 40 сол дар мактаб омӯзгорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG