Ссылки доступа

Баррасии расонаҳои ҷаҳонӣ: аз харчанги “дипломатӣ” то ислоҳоти Мирзиёев


Ба коршарикон ва обуначиҳо бахши нав - баррасии расонаҳои ҷаҳониро пешниҳод мекунем. Дар ин бахш метавонед мавзуъҳои асосии имрӯзи расонаҳои ҷаҳониро пайдо кунед. Аз Шумо мехоҳем, ба мо нависед, ки оё ин бахш бароятон ҷолиб ва муфид аст ё на? Оё Шумо баррасии расонаҳоро истифода хоҳед бурд? Агар "ҳа", пас фосилаи нашри баррасии расонаҳо бояд чӣ гуна бошад?

Президенти ИМА Доналд Трамп нимаи дувуми рӯзи 7 ноябр дар доираи сафари дувумаш ба минтақаи Осиёву уқёнуси Ором ба Куриёи Ҷанубӣ рафт, хабар медиҳад нашрияи фаронсавии Le Monde. Хабар дода мешавад, ки яке аз мавзуъҳои асосии суҳбати Трамп дар Сеул барномаи ҳастаии Пхенян хоҳад буд. Расонаҳои Ғарбӣ менависанд, Сеул ба меҳмони олиқадр “харчанги дипломатӣ” омода карданд. Харчангҳо аз соҳили ҷазираҳое гирифта шуданд, ки ҳам Куриёи Ҷанубӣ ва ҳам Ҷопон онҳоро қаламрави худ медонанд.

Роҳбари пешини Каталония мақомоти Испанияро дар пайгарди хушунатомези додгоҳии аъзои ҳукуматаш айбдор кард. Дар матлабе дар нашрияи бритониёии The Guardian Карлес Пучдемон эътироз кардааст, ки вай ва 13 узви ҳукуматаш дар созмондиҳии ошуб айбдор мешаванд, ки барои содир кардани чунин ҷурм дар кодекси ҷиноии Испания баробар бо терроризму куштор – 30 сол ҳукми зиндон пешбинӣ шудааст. Роҳбари пешини Каталония дар “мустақил ва боадолат” будани пажуҳиши парвандаи ҷиноии ҳамсафонаш шубҳа дорад ва ҳалли сиёсии буҳрони Каталония даъват мекунад. “Давлати Испания он чиро ки давоми солҳои мубориза бо терроризм борҳо такрор шудааст, иҷро кунад – ба хушунат хотима бигзорад... Мо, ҷонибдорони истиқлолияти Каталония ҳаргиз ба зӯроварӣ роҳ надодаем”, - менависад вай.

“Арабистони Саудӣ ва Эрон ба ҷанг омодагӣ мебинанд? Риёз ва Теҳрон дар мубориза барои ба даст овардани назорати Шарқи Наздик ба авҷи душманӣ расида, ин суолро дар зеҳнҳо бедор карданд”, менависад Newsweek. Рӯзи якшанбе нерӯҳои зиддимушакии Арабистони Саудӣ мушаки аз ҷониби ҳусиҳои ошубгари Яман ба пойтахти Саудӣ партобшударо безарар гардониданд. Эрон ҳусиҳои Яманро пуштибонӣ мекунад. Риёз партоби мушакро рафтори душманони Эрон меномад, менависад нашрия. “Миёни ин кишварҳо авҷ гирифтани низоъ эҳтимол дорад”, меафзояд Newsweek. Дар ҳамин ҳол нашрия менависад, “таҳдиди низоъ ба он хотир роҳандозӣ шудааст, ки аз муборизаҳои дохилӣ дар Арабистони Саудӣ ҷилавгирӣ карда шавад. Зеро валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон дар доираи маъракаи мубориза бо фасод рақибони сиёсиашро аз саҳна барканор мекунад”.

Mining Weekly менависад, “шиддат гирифтани баҳси дипломативу тиҷорӣ миёни Қазоқистону Қирғизистон ба ширкатҳое ҳам зиён мерасонад, ки фарсахҳо аз ин ду кишвар дур ҳастанд. Дар марзи миёни ин ду кишвар мошинҳои боркаш боздошт мешаванд ва аз кишварҳои севум хоста мешавад, ки ду ҳамсояро ба созиш расонанд”.

Ба навиштаи Aisa Times, ислоҳоти президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев “бо шумули озод гузоштани асъор, муносибати нав ба сармоягузорони хориҷӣ, таваҷҷуҳ ба ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ, иҷозаи фаврӣ додан ба сохтмон, нақшаҳои барқарории низоми воҳиди энержӣ ба беҳшавии иқтисод ва вазъи тиҷорат дар Осиёи Марказӣ боис мешаванд”.

XS
SM
MD
LG