Ссылки доступа

Бастани рӯймол дар мактабҳои Қазоқистон манъ шудааст


Волидони чаҳор хонандаи мактаби миёна дар шаҳри Урали Қазоқистон ба воситаи додгоҳ талош доранд, ки ба омӯзиши фарзандони онҳо дар таълимгоҳҳои №7 ва №37 бо рӯймол иҷозат дода шавад. Дар ин бора вакили дифои волидайни мазкур Ормон Абдурашид иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Абдурашид, волидони қазоқ мехоҳанд, ба воситаи додгоҳ ғайриқонунӣ будани баъзе аз бандҳои муқаррароти дохилии мактабҳо ва фармони вазири маорифи Қазоқистонро аз 14 январи соли 2016 исбот кунанд. Ин фармон, омӯзиши хонандагонро бо либосҳои мазҳабӣ дар таълимгоҳҳо манъ мекунад.

Ормон Абдурашид мегӯяд, бандҳои фармони вазири маорифи Қазоқистон мухолифи Қонуни асосии ин кишвар аст, ки "ройгон будани таҳсилоти миёнаро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат дода, гирифтани онро ҳатмӣ меномад".

Ба гуфтаи вакили дифоъ, ин чаҳор хонанда на сатру ҳиҷоб, балки рӯймоли миллии қазоқӣ ва либоси ягонаи мактабӣ ба бар мекунанд.

Яке аз ин волидон Асет Султоналӣ гуфт, духтари ӯ дар мактаби № 7-и Урал, дар синфи 1-ум мехонад ва раҳбарияти мактаб аз миёнаҳои моҳи октябр бастани рӯймолро барои хонандагон манъ кардааст ва бинобар ин, фарзанди ӯ ҳоло наметавонад ба мактаб биравад.

Мудири мактаби №7 Виктор Протасов аз суҳбат дар ин бора худдорӣ карда, тавсия дод, ки ба шуъбаи маорифи шаҳрӣ муроҷиат кунем. Қарор аст, имрӯз ва фардо додгоҳи №2-и Урал шикояти волидонро баррасӣ кунад.

Пештар раҳбари шуъбаи маорифи вилоятӣ Зауре Гумарова низ дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, "тамоми хонандагон вазифадоранд, ки талаботи пӯшидани либоси мактабиро риоя кунанд".

XS
SM
MD
LG