Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон ба "Абдулло долларчӣ" ҳамла карданд


Дар ноҳияи Пастдарғоми Ӯзбекистон афроди ношинос бо корд ба яке аз саррофҳои маъруфи ин кишвар Абдулло Орифҷонов, ки миёни сокинон бо лақаби "Абдулло долларчӣ" маъруф аст, ҳамла карданд.

Як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Пастдарғом гуфт, ба Орифҷонов барои пул ҳамла кардаанд. Саррофи ӯзбек дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ аст.

"Онҳо бо корд ба Орифҷонов ҳамла карда, чанд ҳазор доллари ӯро гирифтанд ва худашро дар боғи себ партофтаанд. Феълан тафтишот идома дошта, гумонбарон ҷустуҷӯ мешаванд", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи як манбаъ, Абдулло Орифҷонов яке аз сарватмандтарин сокинони Пастдарғом мебошад. Ӯ чанд фурӯшгоҳ дошта, бо хариду фурӯши асъори хориҷӣ машғул буд.

Бори аввал нест, ки дар Ӯзбекистон ба шахсони пулдор ҳамла мешавад. Дар гузашта низ одамоне, ки бо хариду фурӯши асъори хориҷӣ ё тило машғуланд, мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG