Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як деҳаро ба номи модари Назарбоев мегузоранд


Шӯрои вилояти Ҷамбули Қазоқистон 6 ноябр аз ташаббуси ба номи модари президент Нурсултон Назарбоев гузоштани деҳаи Касик якдилона ҷонибдорӣ кард. Модари президенти Қазоқистон, ки аз ӯ "Алжан-она" (модар Алжан) ном мегирифтанд, дар ин деҳа ба дунё омадааст.

Бино ба хабарҳо, дар раъйгирии шӯро 28 узви он иштирок карда, ягон нафар аз додани овоз худдорӣ накарда ва касе ҳам зидди он раъй надодааст. Ба гуфтаи аъзои шӯро, бо исми модари Назарбоев номгузорӣ шудани деҳаро сокинонаш хостаанд.

"Дар дасти ман 114 саҳифа имзои сокинон аст. Ин кори якрӯза нест. Дар раъйгирӣ гузоштем ҳама даст бардоштанд. Роҷеъ ба ин гуна пешниҳодҳо нахуст шӯроҳои ноҳиявӣ тасмим мегиранд, комисияи номгузорӣ онро баррасӣ карда, ба ҳукумати вилоят ва ҳукумат ба шӯрои вилоятӣ пешниҳод мекунад", - гуфт яке аз аъзои шӯро.

Вакили шӯрои Ҷамбул Эрболат Сауриков мегӯяд, ҳамкоронаш аз тағйири номи деҳаи Касик якдилона ҷонибдорӣ карданд. "Модаре, ки президенти моро ба дунё овардааст, арзанда мебошад. Агар ҳамаи модарҳо чунин фарзанд ба дунё оранд, пас мо як миллати соҳибтамаддун хоҳем шуд", - изҳор дошт Сауриков.

Деҳаи Касик дар ноҳияи Кордайи вилояти Ҷамбул, ҳаммарз бо Қирғизистон ҷойгир аст. Бино ба омори соли 2009, дар он ҳудуди 3,5 ҳазор одам зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG