Ссылки доступа

Мансабдорони қазоқ мегӯянд, аз офшорҳои марбути худ "хабар надоранд" (видео)


Вазири мудофиа ва саноати ҳавонавардии Қазоқистон Бейбит Атамқулов ва раиси шӯрои ширкати давлатии истихроҷи гази "КазМунайГаз" Сауат Минбоев ба айбҳо дар бораи он ки чанд сохтори офшорӣ ба онҳо марбут аст ва аз он ширкатҳо бе пардохти андоз баҳра мегиранд, вокуниш нишон доданд.

Офшорҳои Атамқулов ва Минбоевро Консорсиуми байналхалқии рӯзноманигорони пажуҳишгар (International Consortium of Investigative Journalists, ICIJ) пайдо кард. Ба навиштаи рӯзноманигорон Атамқулов бо бародараш дар Малта ҳанӯз соли 1998 ширкати Centraz Finance Ltd-ро таъсис додаанд. Ин ширкат то кунун фаъолият карда, ба истеҳсол ва фурӯши машруб машғул аст.

Атамқулов мегӯяд, Centraz Finance Ltd дар воқеъ соли 1998 таъсис шудааст. "Ба Қазоқистон сармояи хориҷӣ ҷалб мекардем. Аммо ба далели буҳрони молӣ дар Русия ва беқурбшавии танга, ширкатро бастем", - шарҳ медиҳад вай. Ба гуфтаи Атамқулов, вай аз ҳайати муассисон пеш аз он ки вориди фаъолиятҳои давлатӣ шавад, хориҷ гардидааст.

"Ман ба шариконам дар бораи хориҷ шудан аз лоиҳа мактуб фиристодам. Аммо хориҷшавии ман ҳуҷҷатгузорӣ нашудааст. Ва ман дар ин бора танҳо дирӯз огоҳӣ пайдо кардам. Ман намедонистам, ки аз соли 98 инҷониб ширкати мазкур боқӣ монда, фаъолият мекунад", - гуфт вазир.

Сауат Минбоев саҳҳоми ширкати Meridian Capital Ltd будааст, ки дар ҷазираҳои Бермуд сабти ном аст. Пажуҳишгарони ICIJ тасдиқ мекунанд, ки тавассути ин офшор Минбоев ба корхонаи куҳканӣ, бахши истихроҷи тило, инчунин ширкатҳои нафт сармоягузорӣ кардааст. Ҳоло чанд фурудгоҳ дар Русия ва Қазоқистон ба Meridian Capital тааллуқ доранд.

Коршиносон мегӯянд, ки Meridian солҳои 2002-2003 сабти ном шуда, маҳз он замон Минбоев муваққатан аз вазифаҳои давлатӣ канор рафта буд. Минбоев дар посух мегӯяд, ҳоло "суратҳисоби офшорӣ надорад" ва бо Meridian низ робитае надорад. Ба гуфтааш, вай соли 2003 саҳмашро ба шахси севум додааст.

XS
SM
MD
LG