Ссылки доступа

Таҷлили 100-солагии Инқилоби октябр дар шаҳру навоҳии Русия


Дар маркази шаҳри Москва тазоҳуроти якҷояи нирӯҳои чапгаро, Ҳизби коммунистии Русия (ҲКР) ва ҳаракати "Ҷабҳаи чап" баргузор шуд. Иштирокдорон шиорҳои "Инқилоби сотсиалистӣ зинда бод!" ва "Мо бо кишвари шӯроҳо ифтихор дорем"-ро низ дар даст доштанд.

Дар дасти тазоҳургарон аксҳои Ленин, Сталин ва Че Гевара ҳам буданд. Созмондиҳандагони тазоҳурот хабар доданд, ки дар ин ҳамоиш намояндагони беш аз 120 ҳизби 80 кишвар иштирок мекунанд. Раиси ҲКР Геннадий Зюганов гуфт, ба далели сардии ҳавои Москва барои намояндагони кишварҳои гарм "нимтанаҳои махсус" харидаанд.

Тазоҳурот ва намоишҳои нирӯҳои чапгаро дар шаҳру навоҳии дигари Русия низ баргузор шуд.

Дар шаҳри Томск коммунистон 100-солагии инқилобро бо ҳамоиш ва тазоҳурот дар хиёбони марказии шаҳр ҷашн гирифтанд. Тазоҳургарони коммунист тағйири ҳукуматро дар Русия зарур номида, гуфтанд, бояд ба замоне баргашт, ки ба ҳама хона медоданд.

Ҳамчунин онҳо дар робита ба интихоботи президенти Русия, ки қарор аст, соли оянда баргузор шавад, ба президент Владимир Путин муроҷиат карданд. "Путин агар мехоҳӣ президент шавӣ, қонун "Дар бораи фарзандони ҷанг"-ро қабул кун ва ба баҳси гӯронидани ҷасади Ленин нуқта гузор.

Для марша в честь 100-летия революции в Москве перегородили несколько улиц в центре
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:44 0:00

Дар шаҳри Иркутск ҳам ҳудуди ду ҳазор одам дар намоиши идона дар хиёбони Карл Маркс иштирок карданд.

Дар Севастополи Қрими ишғолӣ ҷонибдорони Ҳизби коммунист 7 ноябр бахшида ба 100-солагии Инқилоби октябр тазоҳурот карданд. Вале мақомоти шаҳр ба баргузории тазоҳурот дар макони анъанавӣ - назди муҷассамаи Нахимов иҷозат надоданд.

Ҳизби либералии "Яблоко"-и Русия низ 7 ноябр дар Москва тазоҳуротеро баргузор кард. Вале намояндагонаш гуфтанд, ки ҳамоиши онҳо ба хотири гиромӣ доштани ёди ҷонибдорони озодӣ ва демократия буд. Фаъолони ҳизб дар хиёбони Заменка, дар назди биное ҷамъ омаданд, ки соли 1917 коллеҷи ҳарбии Александров буд. Ба гуфтаи онҳо, маҳз афсарон ва донишомӯзони коллеҷ он замон аз Ҳукумати муваққат ҳимоят кардаанд. Дар ҳоли ҳозир, дар ин бино як қатор хадамотҳои Вазорати дифои Русия ҷойгир аст. Тазоҳурот бо мақомот ҳамоҳанг нашуда буд.

Митинг в Севастополе (Крым) в честь 100-летия Октябрьской революции
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:08 0:00

Дар баробари чорабиниҳои расмӣ дар шаҳри Москва низ бахшида ба паради 7 ноябри соли 1941 дар Майдони Сурх гашти идона баргузор шуд. Он замон аз ин майдон ба хатти ҷабҳа, ки ҳамагӣ 30 километр дуртар аз Москва мегузашт, сарбозон сафарбар мешуданд. Дар ин роҳпаймоӣ ҳудуди 5 ҳазор одам иштирок карданд.

XS
SM
MD
LG