Ссылки доступа

Истиқболи сарвазири Туркия аз оғози дубораи визадиҳии ИМА ба сокинони кишвараш


Сарвазири Туркия Бинолӣ Йилдирим азсаргирии додани раводид (виза)-и ИМА-ро ба шаҳрвандони кишвараш гоми мусбат арзёбӣ кард, вале гуфт, Вашингтон Фатҳулло Гюленро, ки дар созмон додани табаддулоти нокоми давлатии соли 2016 айбдор аст, бояд истирдод кунад.

Йилдирим дар ин бора пеш аз сафари худ ба Вашингтон дар суҳбат бо рӯзноманигорон изҳори назар кард. Қарор аст, ӯ дар ҷараёни ин сафар бо муовини президенти ИМА Майкл Пенс дидор ва гуфтугӯ кунад.

ИМА рӯзи душанбе хабар дод, ки баъди гирифтани кафолати таъмини амнияти ҳайати дипломатияш додани раводидро ба шаҳрвандони Туркия дубора оғоз кард. Намояндагиҳои дипломатии ИМА дар Туркия ба далели боздошти ду корманди маҳаллии худ аз моҳи гузашта додани раводидро ба шаҳрвандони ин кишвар қатъ карда буданд.

Тарҷумони консулгарии ИМА дар вилояти Адана моҳи май ва корманди маъмурияти ИМА дар умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир чанде пеш дар шаҳри Истамбул боздошт шуданд. Мақомоти турк мегӯянд, ҳар дуи онҳо дар табаддулоти нокоми соли 2016 даст доранд.

Сафорати ИМА дар Анқара гуфт, ин иддао асос надорад. Туркия аз он норозӣ аст, ки мақомоти ИМА Гюленро ба ватан истирдод намекунанд. Гюлен аз соли 1999 ба ин тараф дар Пенсилвания зиндагӣ мекунад. Намояндагони ИМА мегӯянд, барои истирдоди руҳонии турк далели кофӣ ироа нашудааст.

XS
SM
MD
LG