Ссылки доступа

Вазири умури хориҷии Эрон ба Тоҷикистон меояд


Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон қарор аст, рӯзи 8-уми ноябр бо сафари якрӯза ба Тоҷикистон биояд. Ин баландпоятарин мақоми эронӣ аст, ки тайи чанд соли ахири сард шудани муносибатҳо миёни Душанбе ва Теҳрон ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Қарор аст, Муҳаммадҷавод Зариф шоми 8-уми ноябр дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Эрон дар Тоҷикистон, иштирок кунад. Бинои сафорати нави Эрон дар пайванди хиёбони Исмоили Сомонӣ ва кӯчаи Маяковский дар шаҳри Душанбе бунёд шудааст.

Ба иттилои хабаргузории "Форс" мулоқоти вазири умури хориҷии Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ барномарезӣ шудааст. Феълан мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи ин хабар худдорӣ мекунанд.

Тоҷикистону Эрон тайи тақрибан ду соли охир марҳилаи мушкилеро паси сар мекунанд. Ин вазъият дар пайи даъвои молӣ бар сари пулҳои гӯё гумшудаи миллиардер Бобаки Занҷонӣ ва даъвати раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба конфронси Теҳрон ба вуҷуд омадааст.

Нуқтаи авҷи ин баҳс иттиҳоми Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи имсол алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки дар як филми мустанад гуфт, Эрон қатли чанд чеҳраи саршиноси тоҷик дар солҳои навадум, аз ҷумла Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва раҳбари пешини ҳизби сотсиалистиро сармоягузорӣ карда буд.

Рӯзҳои 10 ва 11 ноябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон конфронси байналмилалӣ зери унвони "Осиёи Миёна: як гузашта ва як ояндаи муштарак, ҳамкорӣ барои тавсеаи пойдор ва рушди муштарак" баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш ҳам Муҳаммадҷавод Зариф иштирок хоҳад кард. Дар ин бора оҷонсиҳои расмии Ӯзбекистон хабар доданд.

XS
SM
MD
LG