Ссылки доступа

Фаъолони қирғиз ба ҳимояи пиряхҳо баромаданд (видео)


Назди "Кохи сафед" дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зидди ворид кардани тағйирот ба "Кодекси об"-и ин кишвар, ки иҷозаи кандани пиряхҳои кони Қумторро медиҳад, иқдоми эътирозӣ баргузор шуд.

Ширкатдорони ҷамъомад - фаъолони шаҳрвандӣ, сиёсатмадорон - аз порлумон хостанд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро қабул накунад. Ба гуфтаи онҳо, нобудшавии пиряхҳо на танҳо ба вазъи зистмуҳитии Қирғизистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон таъсир мерасонад.

Эътирозгарон дар даст шиорҳои "Аз пиряхҳо даст бардоред!" ва "Пиряхҳоро ҳифз мекунем!" доштанд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар ин иқдом наздик 60 эътирозгар ширкат дошт.

Кумитаҳои дахлдори порлумони Қирғизистон тағйирот ба "Кодекси об"-ро 31 октябр қабул карданд. Амалан, ин тағйирот обшавии пиряхҳои Давидов ва Лисийро дар кони тилои Қумтор қонунӣ мегардонад. Ташаббускори лоиҳаи қонун - ҳукумати Қирғизистон - мегӯяд, ин тасмимро ба хотири рушди иқтисодӣ рӯи даст гирифтааст. Ба бовари ҳукумат, пиряхҳо бе ин ҳам тақрибан об шудаанд.

Баҳсҳо атрофи иҷозаи кандани пиряхҳо ба хотири истихроҷи тило аз соли 2014 ҷараён доранд. Дар соли 2015 лоиҳаи қонун дар қироати дувум қабул шуд, аммо зери фишори ҷомеа ва мухолифати бархе аз вакилони алоҳида бекор гардид.

XS
SM
MD
LG